Аҳолии рустое аз Мулло Насриддин даъват мекунад, ки дар рустояшон суханронӣ кунад. Мулло мегӯяд, ки агар касе 5 сикка бар ӯ бидиҳад барои суханронӣ ҳозир хоҳад шуд.
Мардуми деҳа кунҷков шуда мегуфтанд, ки мулло чи чизи боарзишеро мехоҳад ба онҳо бигӯяд, ки барояш аз онҳо чунин пул талаб дорад.
Ба ҳар заҳмате ки шуда бошад нафаре панҷ сикка фароҳам карда ба вай мерасонад.
Дар рӯзи мавъуд( ваъдашуда)мулло дар ҳоле ки сиккаҳо дар киссааш ҷиринг-ҷиринг мекарданд, ба болои минбар меравад ва суханронии бисёр зебое мекунад.
Ҳангоме ки аз минбар поин шуда рафтанӣ мешавад рӯй ба мардум оварда мегӯяд:- пеш биёед ва пулҳоятонро пас бигиред.
Аҳолии русто аз ин гапи Мулло дар ҳайрат меуфтанд ва сарашон каме гиҷ мешаваду мегӯянд: - мулло ин дигар чӣ корест, ки шумо мекунед!
Мулло Насриддин лабханди малеҳе мезанад ва мегӯяд:-ду нукта дар ин масъала пинҳон аст.
Аввал ин ки одам вақто ки барои чизе пул мепардозад саъй мекунад аз он хуб истифода кунад.
Ва дуввум ин ки одам вақто пул дар ҷайбҳош бошад хело нағз сӯҳбат мекунад
Дар дунёи имрӯз:
Фақр оташест, ки хубиҳоро месӯзонад...
Ва сарват пардаест, ки бадиҳоро мепӯшонад...
Ва чи беинсофанд онҳое ки
Якеро мепӯшонанд ба эҳтироми доштаҳош
Ва дигареро месӯзонанд ба ҷурми надоштаҳош.
@Баргардон "Аз андешакадаи иқтисод ва сиёсат"