Ҳар омӯхатаатонро муҳокима куненд, ва он китоберо ки хонданаш писанди шумо нест, як сӯ гузоред.
Ҷонас Алтман, муаллифи китобҳо сершуморе дар мавриди кори оянда ва муассиси ожонсии иноватсионии Social Fabric таҷрибаи китобхонияшро чунин ба миён гузоштааст. Агар писандатон ояд таҷриба кунед:
№1. Китобҳоро то охир нахонед
Бикӯшед то ба хотир биоваред ки охирон маротиба шумо кадом албоми мусиқиро то ба охир шунидаед. Боварам нест, ки тавонед. Вале шумо китобҳоро аз сар то охир мутолиа мекунед. Чунин ба назар мерасад, ки аксари он як вақткушие беш нест.
Навал Равикант, муассиси AngelList, сайте барои стартапҳо ва сармоягузорон дар ин бора чунин фикре дорад:"Ман муносибат бо китобҳоро мисли навиштаҳои (аз англисӣ post ) яквақтаинаи торнигорҳо, (блог), навиштаҳои твитер ва ё паёмҳои Фейсбук оғоз кардам ва дигар худамро маҷур намекунам, то ҳамаашонро аз сар то охир бихонам"
Ба ӯ пайравӣ кунед ва ба худ иҷозат диҳед, то китобҳоро ба итмом нарасонед. Пеш аз ҳама, ин ба адабиёти бадеӣ дахл дорад, зеро гумон аст, ки шумо вақти пурраи худро сарфи мутолиаи "Кодекси Да Винчи" кунед. Дар умум, ин равишро метавон дар мутолиаи адабиёти бадеӣ татбиқ кард.
№2. Маълумоти ба даст овардаро коркард кунед
Даҳ сол қабл дар як рӯз як Амрикоии оддӣ ба ҳисоби миёна тақрибан 100 000 калимаро истифода мебурд. Ҳоло бошад мо дар як рӯз тақрибан дусад веб-саҳифаро аз назар мегузаронем, ки он баробар ба 490 000 калима дар як рӯз мебошад (ин аз рӯи маълумоти соли 2010-ум аст). Дар умум ҳаҷми вожаҳои истифодашаванда баробари ҳаҷми калимаҳои романи "Ҷанг ва Сулҳ" аст.
Мушкил сари он аст, ки ҳаҷми ками иттилоти хондашуда дар зеҳни мо боқӣ мемонад ва ё ки намемонад.
Аммо ҳадафи хондан табдил додани маълумоти ба дастварда ба дониш аст. Мақсад аз он ҳифзи далелҳо, иқтибосҳо, хулосаҳо, сархатҳои ҷолиб, сарсуханҳо ва эпилогҳо дар саратон мебошад, ки шумо бо ёрии онҳо дар оянда метавонед коре бикунед. Масалан, онҳоро байни дӯстонатон ё бо тамоми ҷаҳон мубодила хоҳед кард.
Омӯхтаҳоятонро дар худ нигоҳ надоред ва онҳоро фаъолона коркард кардаву муҳокима кунед ва тарзи тафаккури худро дар асоси фикру ақидаҳо доимо ислоҳ кунед.
Барои он ки аксари чизҳои хондаатонро фаромӯш накунед, методҳоеро истифода баред, ки Алтман барои худ кашф кардааст:
- Мундариҷаро аз назар гузаронед ва бобҳоеро ки хонданиед пеш аз он ки ба хонданаш машғӯл шавед қайд кунед.
- Ҳошияҳоро аломатгузорӣ кунед, дар зери нукоти муҳим хат кашед ва кунҷҳои саҳфаҳоро қат кунед.
- Пас аз муддате, ба ҷойҳое ки қайд кардед баргардед. Онҳоро дастӣ ба дафтар ё кортҳо нусхабардорӣ кунед.
- Назар, шарҳ ва ё тақризи худ дар бораи он китобро дар блоги худ(ё ҷойи барои шумо муҳим) нависед.
- Маълумотҳои нави хондаро ҳангоми суханронӣ ва гуфтугӯятон истифода баред.
3. Танҳо порчаҳои интихобшударо аз китобҳо бихонед
Маълумот зуд фаромӯш мешавад. Ин ҳодиса дар рӯзҳои аввали пас аз мутолиа рух медиҳад. Пас аз чанд рӯз, амалан дар хотира чизе боқӣ намемонад. Ягона имконият барои ба ёд овардани маводи хондашуда такрори он аст. Беҳуда нест, ки муаллимони мактаб дар ин бора таъкид мекунанд. Дар мо чунин мегӯянд: "такрор модари дониш".
Такя ба Google, Wikipedia ва алгоритмҳоро бас кунед. Мағзи сари худро омӯзонеду онро машқ диҳед ва ба он такя кунед.
Мувофиқи гуфтаи нобиғаи маркетинг Сет Годин, аксар китобҳои бадеиро метавон дар чанд саҳифа ихтисор кард. Идеяи асосии он дар байни "об" (агар онро дарёе тасаввур кунем) ниҳон аст, ки танҳо барои хушнуд сохтани ношир дохил карда шудааст. Ҷойҳои дорои маълумоти асосиро интихоб кунед ва онро гоҳ-гоҳ такрор кунед.
№4. Ҳамзамон китобҳои зиёдеро мутолиа кунед
Ҳоло дарк кардани хониш боз ҳам мушкилтар шудааст, зеро қобилияти тамаркузи зеҳни мо дорад кам мешавад. Аз ҳамин сабаб, Равикант ҳамеша дар як вақт 10-20 китоб мехонад. Агар яке аз онҳо диққати ӯро ба худ ҷалб накарданд, онро мегузорад ва баъдтар ба он бармегардад. Ё комилан хондани онро тарк мекунад. Вай хонданро ҳамчун воситаи ба даст овардани маҳоратҳо дар зиндагӣ меҳисобад.
Ин равиш бартариҳои зиёд дорад. Шумо ба пайгирии равобити байни табақаҳо, ки қаблан номувофиқ ба назар мерасиданд, шурӯъ мекунед. Ғайр аз ин, суст хондани китоб гуворотар ва муфидтар аст. Хондани худро густариш диҳед то иттилооти зиёдеро кашф кунед. Ҳеҷ гоҳ тез мутолиа накунед, зеро қаҳрамонии суръати мутолиаро ки касб карданӣ нестед?! Тасмим гиред китоберо бихонед, ки ҳисси кунҷковии шуморо бар ангезад.
Барои маводҳои ҷолиби моро хондан ба пайвани зер мурур кунед: