Найти тему
Оянда

19 пешниҳод барои хушбахт будан

pixabay.com
pixabay.com

1. Бо шахси муносиб оиладор шав, зеро 90% хушбахти' ё бадбахтӣ' аз хамсарат вобаста аст.

2. Коре ки дилат мехоҳад анҷом деҳ ва агар лозим шавад ҷавониятро баҳри он бубахш!

3. Дар зиндагӣ ягона ҳадафатро барои хушнудии хонадонат равона кун!

4. Аз андозаи беш барои азизонат кори наҷиберо анҷом деҳ!

5. Ба худ сахт магир!

6. То тавон аст мушкилоти инсонҳоро ҳал кун!

7. Агар миёни карз ва гуруснагӣ афтода бошӣ , гурусна буданро ихтиёр кун!

8. Барои муҳтоҷ нашудан дар назди дӯст каме аз даромадатро захира кун! Зеро эҳтиёҷ пеши дӯст бурдан ҳайбат ва эҳтироматро аз байн мебарад.

9. Тафаккуре, ки аз суд зиёнаш бештар аст, аз сар бурун кун!

10. Дар ҳама ҳол якрӯ бош, ҳарчанд, ки бар зиёни ту бошад ҳам!.

11. Дар кор ва пешаи худ содиқ бош.

12. Навовару навпардоз бош, ҳарчанд иштибоҳ кунӣ ҳам!.

13. Далеру ҷасур бош, агарчӣ шикастхӯрда бошӣ ҳам шиква пеши касе мабар.

14. Субҳро бо хотироти рангин ва орзуҳои зебо музайян бигардон!.

15. Бо ҳамкорон ҳамчун бародар ва дӯсти амин бош!

16. Хушбахтӣ аз биниш ва диди ту маншаъ мегирад, аз ин рӯ зебоназар бош!.

17. Агар хоҳӣ ки чун мутахассис бар камол расӣ нуктаҳои заъфи худро пур кун!

18. Аҳдофи бузургро парвариш деҳ, ҳеҷ набошад, мисли занбӯр кушиш кун!

19. Аз умуре, ки ягон суди моддию маънивӣ надорад даст шуй!.

*_______________________________________

Таассурот пас аз мутолиаи "نظريةالفستق назарияи писта- " и Фахд ибни Омир

Аз баргаи фейсбукии Фазлиддин Олимов