Найти тему
john maston

Дарозтарин мисраҳои шеърӣ дар адабиёти форс-тоҷик. Аз-ёд кунед.

НАМУНАИ ШЕЪРӢ АЗ БАҲРИ ТАВИЛ

Дӯш сармаст ба гулгашт саҳаргаҳ шуда будам, ки яке сарвқаде, лоларухе, ҳуру парӣ, лабшакаре, симбаре, турфа нигоре, ки хиромидану рафтору шакархандаву гуфтору ду чашмаш ба фусун ҳар як аз инҳо ба ҷудоӣ бирабоянд зи ошиқ дилу ҷонро.
Гуфтам: Эй ҷони ҷаҳон, сарви равон, мӯрмиён, пистадаҳон, абрукамон, ҷумла ҷаҳон сарфи қадамҳои ту созам, агар аз роҳи яқин банданавозӣ бикунӣ, бар сару чашмам қадаме ранҷа намоӣ, ки бувад боиси хушҳолию фархундагию айни сарафрозии ин мухлиси дерини шуморо.
Охируламр ба сад нозу карашма ба хиромидану рафтор даромад, ки ту гуи магар ин кабки дари ё, ки тазарвест, ки дар боги чинон чилвакунон бо харакоту саканоту ба табассум хамаги сайд кунад шоху гадоро.
Дар тахи гулбуни наврустаи пероста биншасту бигуфто, ки ту ҳол ошики побастаи ман, пеш биер, он чи ту дори зи шаробу зи кабобу газак, аз канду наботу шакару себу анору бихию олуву шафтолуву гулканд, зи хар навъ, ки бошад,ба назар ор, ки то хар ду ба хам хандазанон, айшкунон чуръа бинушему хурушем, ки кайфияту шавки дигар аст ин маи гулталъати фархундаи монанди шафак сурхликоро….

ФАВҚӢ