Муаллиф: Мурод Мирзоев, специально для Asia-Plus Ҳамчунин пиронсолон хизматрасониҳои маишӣ, тавонбахшӣ, равонӣ, омӯзишӣ - педагогӣ ва ҳуқуқиро пешниҳод менамоняд. Пиронсолони шаҳри Хоруғ аз партовҳои гулу гулдон месозанд ва ба ҷавонон касб меомӯзанд. Маркази будубоши рӯзона барои пиронсолону маъюбон ва шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор дошта дар дар шаҳри Хоруғ моҳи майи соли равон бо дастгирии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъияти “Мушкилкушо” ифтитоҳ шудааст. Марказ фарогири 35 нафар пиронсолон буда, онҳо дар як ҳафта панҷ рӯз хизматрасониҳои иҷтимоию маишӣ, тавонбахшӣ, равонӣ, омӯзишӣ - педагогӣ ва ҳуқуқиро пешниҳод менамояд. Ҳамчунин пиронсолон аз партовҳои гуногун ашёи рӯзгор, аз ҷумла, гул ва гулдонҳои ҳархела месозанд. “Дар риштаи касбомӯзӣ мо маҳсулотеро ҷамъоварӣ мекунем, ки асосан дар берун ё партовгоҳҳо партофта шудаанд. Қисми зиёди молу маҳсулот аз зарфҳои пластикӣ,
Чӣ тавр пиронсолони Хоруғ аз партов гулу гулдон ва сандуқча месозанд?
19 августа 201919 авг 2019
61
3 мин