Чониби мусбии фаъолияти эчодии Кадами Курбон
Салому алейкум хонандаи азиз! Сараввал мехостам дар бораи шахсияти Кадами Курбон каме бигуям. Кадамро ман шахсан намешиносам, вале мисли Шумо дар наворхо уро дидаму фахмидам чи гуна шахс аст. У марди хоксору дилсоф ва шух менамояд. У дар вакти сухан рондан чавобе мегуяд, ки инсон хафа намешавад ва хамчунин хушхол мешавад. Ингуна шахсро бо забони руси "Импровизатор" мегуяд. Хуллас, шахсияти оддии бисёр хуб аст. Ин шахс аввалан дар туйхо сурудхои хачви хонда мегашт. Баъди баъзе сурудхояш, ба мисли "Сари Паварот", " Парвина какат овардум" ва хамчунин истифодаи таппончаи сохта дар видеохостинги YouTube, ки миллионхо азназаргузарони шудааст, диккати блогерхоро чалб кард. Блогерро номашро намегуем, бо Кадами Курбон дар минтакаи зисташ як сухбате орост. Вакте дар YouTube пахш шуд, садхазорхо азназаргузарони шуд дар муддати кутох ва бисёри кас оддию марди дилсоф будани Кадами Курбонро диданд. Яке аз онхо поп-сарояндаи машхури точик Чонибек Муродов баъди дидани он навор, ваъда дод, ки ба акаи Кадам як клип омода мекунад, хамчун хадя медихад. Хаминхелхам шуд. Дар Чашни Навруз дар YouTube аз чониби шабакаи "JM Company" наворе пахш шуд, ки YouTube- и точикиро рекорд зад. Ин навор нахустин клипи Кадами Курбон буд ва дар муддати 5 руз 1 миллион азназаргузарони шуд. Клип муваффак бо натичаи рекорди гашт. Баъд аз он Кадами Курбонро ба барномахои гуногуни интернетиву радиои даъват карданд. Кадами Курбон машхур шуд.
Чониби манфии эчодкории Кадами Курбон
Бахридини Сабур низ бо Кадами Курбон ва Мино клипе омода кард. Хотиррасон мекунем, ки Бахридин блогер шуд ва дар YouTube сахифае кушод. Он сахифа то гузоштани клип муваффак набуд. Бахридин бахотири обруи сахифаи ютубии худ обруи Кадами Курбон кариб ки резонд. Чаро? Клип на сифаташ, на наворбардориаш, на овозаш, на видеомонтажаш ба ягон стандарти клипбарори рост намеояд. Наворро вакте пахш мекуни, суханони пасикадри низ мебарояд. Намедонм, клип-мейкери бетачриба дорад, ё худ бетачриба аст, ки клип номуваффак шуд. Бале, клипро 1 миллион нафар дар муддати кутох гузаронданд ва он чизеро, ки бинанда мехост, надид. Сараввал мохи Рамазон буд ва либоспушии Миноро хечкас напазируфт. Пахши ин наворро дар мохи Рамазон бояд намекарданд. Клип он кадар бемаъни аст, рузхои аввали пахш дар комментарияхо бад будани сифати клип, либоспушии Мино ва умуман хамкори Кадамро бо Бахридин мегуфтанду тахкир мекарданд. Холо бошад, дар таги ин навор комментарияхо хомушанд. Хонандаи Азиз. Як ба шабакаи "peshsaf.tj" даромада клипро бубинед ва суханони маро мефахмед.
ЯКДУ ЧУМЛА БА БАХРИДИНИ САБУР.
Хамкориро бо Кадами Курбон катъ намо. Обруи худро фикр накарди, обруи шахсияти бехтаринро кадр намо ба хотири эхтиром, ки ба у зарар нарасони, хамкориро катъ намо ва он чизеро, ки клип ном мекунед, аз сахифаи ютубат тоза намо.
ХОХИШ АЗ КАДАМИ КУРБОН
Акаи Кадам! Ман шахсан Шуморо эхтиром мекунам ва барномахои Шуморо мухлиси менамоям. Хохиш ака, хамкориро бо Бахридини Сабур катъ намо, ки лоихахои у дур намеравад. Ман инро танхо ва танхо барои бехбудии Шумо мегуям. Шахсе бо Кадами Курбон дастраси дорад, илтимос ин суханхоро расонад ва мухлисони худро гум накунад.