Филмдӯстдореро ки актёри машҳури Чин Ҷеки Чанро нашиносад, пайдо кардан душвор аст. Ин ҳунарманд, воқеан ба таҳсин арзанда аст, чунки дар дунёи филм тағйироти зиёд ворид намудаасту намунаи олии санъати филмофариро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Дар бораи ин ҳунарманд чиҳо медонед? Мо чанд далели ҷолибро аз ҳаёти ӯ бароятон гирдоварӣ кардем. Номи аслии Ҷеки Чан ҳангоми таваллуд Фон Си Лунг буд. Баъдан падараш номи хонаводагиашонро тағйир доду Ҷеки Чан номи “Чан Кон Сан”-ро гирифт. Ҷеки Чанро ҳангоми тифли волидонаш ба як бритониёӣ фурухтанӣ будаанд, вале баъдан аз фикрашон гаштаанд. Ҷеки Чан бо вуҷуди хитоӣ будан бо забони хитоӣ хуб ҳарф зада наметавонад. Соли 1976 ҳангоми ба навор гирифтани филм чашмони Ҷеки осеб мебинанд. Баъд аз табобат ӯ барои калон кардани чашмонаш ҷарроҳии пластикӣ мегузаронад. Ҷеки Чан аксарияти филмҳояшро бо гурӯҳи каскадёроне, ки худи ӯ соли 1985 ташкил намуда буд, таҳия мекунад. Ҷеки ҳеҷ гоҳ аз ҷароҳатҳои дар ҷараёни таҳияи филм бардоштааш ба модараш нам