Ҳафтаи ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дуэти сарояндаи ҷавони тоҷик Меҳрнигори Рустам ва сарояндаи машҳури Марокаш Redouane Diri дӯстдорони зиёди ҳунари асилро ҷалб намуд.
Меҳрнигори Рустам дар суҳбат бо хабарнигори сомонаи Tajikistantimes.com гуфт, ки таронаи «Терогата» моли худи ӯст, онро якҷоя бо дӯсти ҷонияш, овозхони машҳури Марокаш Redouane Diri сароидааст.
Дар мавриди дӯстияш хонум Меҳрнигор чунин мегӯяд: “Дӯстии мо тавассути шабакаи Инстаграмм ба вуқуъ пайваста буд, баъдан тасмим гирифем, ки ҳарду ҳамроҳ сурудеро бадеҳа сароем. Бо хоҳиши Redouane суруди тозаву навэҷодамро пешниҳоди дӯсту ҳамкасбам намудам. Дӯсти арабам сурудро дастрас карда, онро аранжировка намуду каме тобиши дигар андохта ба ман фиристод ва хоҳиш кард, ки оно якҷоя сароем. Бе чуну чаро ман розӣ шуда, мисраҳои худро сароида тавассути интерент ба Redouane ирсол намудам ва ҳунарманди араб, дӯсти қадрдонам низ дар ҷавоб мисраҳои бадеҳаро сароида, дуэтро ҷазобтар карда, тариқи Ютуб ба мардум пешниҳод кард”. Муддат