Дар Консепсияи рушди саноати Тоҷикистон омадааст, ки дараҷаи рушди саноат дар кишвар инъикосгари сатҳи камолоти системаи иҷтимоию иқтисодӣ мебошад, зеро кишвари бе саноат ё дар сатҳи пасти рушди саноат қарордошта инкишофи сусту мушкилот дар соҳаҳои калидӣ дорад ва муҳимтар аз ҳама, манбаи ашёи хоми кишварҳои саноаташон тараққикарда мегарданд. Яъне, саноат дар ташаккули даромадҳои буҷети давлатӣ нақши муайянкунандаро соҳиб аст.
Масъалаи саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар оғози соҳибдавлат гаштани он мавриди таваҷҷуҳи роҳбарият қарор гирифта буд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2002 дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуда буданд, ки “дар шароити Тоҷикистон бе мавҷудияти саноати тараққиёфта таъмин намудани дараҷаи баланди зисти аҳолӣ, мустақилияти иқтисодӣ, амният ва ҳалли бомуваффақияти проблемаҳои иҷтимоӣ аз имкон берун аст”. Барои ҳамин ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола барои суръатбахшии рушди соҳаи саноат маблағҳои зиёд ҷудо менамояд ва ҳамкориву созишномаҳои Ҳукумат бо ширкатҳои ватанӣ ва хориҷии дуру наздик вобаста ба таъсиси корхонаҳои гуногуни истеҳсоливу ҷалби сармояҳо бомуваффақият татбиқ шуда истодаанд. Аз ҷумла, бо мақсади ноил шудан ба иқтисодиёти миллӣ ва рушди ҳамгироии иқтисодӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, мисли Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва бо беш аз 100 кишвари дунё робитаҳои иқтисодиву тиҷоратиро ба роҳ мондааст.