Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷоннок намудани фазои соҳибкорӣ пайваста чораҷўӣ мекунад, зеро рушди соҳибкориро манбаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, ғанишавии буҷети миллӣ, афзоиши ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилӣ, рушди инфрасохтор, боло рафтани сатҳи дониш ва афкори ҷомеаи шаҳрвандӣ, суботи ҷомеа, ҷаҳонишавии иқтисоди миллӣ, ҳифзи муҳит ва тавсеаи фаъолияти хайриявӣ номидаанд. Аммо тавре коршиносон ҳадс мезананд, омилҳое низ ҳастанд, ки дар ин роҳ монеа мешаванд. Аз ҷумла, баъзе санҷишҳои беасос ва такрорӣ, ки имкон намедиҳанд соҳибкор фаъолияти худро дилпурона ба роҳ монад ва чунин равандҳо дар аксар маврид, сабабгори эҷоди ҳолатҳои коррупсионӣ мегарданд. Ин аст, ки бо мақсади дастгирӣ ва рушди минбаъдаи соҳибкории хурду миёна, аз байн бурдани санҷишҳои беасос, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ ва мубориза бо коррупсия бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар се маротиба моратория ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти соҳибкорон эълон шудааст.