Зан — модари тоҷик қариб дар тамоми саҳифаҳои таърихи ин миллат бо донишу хирад ва ақлу тамиз, ки аз ў Рўдакиву Фирдавсӣ, Синову Саъдӣ ва садҳо нафар бузургони дигари илму адаб, фарзандони бонангу номус, номдору фидокор ва номбардори миллат ба дунё омадаанд, тавонистааст мавқеи устувори худро дар ҳама соҳаҳои ҳаётан муҳим муайян намояд. Ин аст, ки мақому манзалати зан – модар дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша боло асту ба ин фариштаи беболу пар ё ноогоҳ аз пари худ арҷ мегузоранд. more....