Найти в Дзене
Nemat Salimzoda

Қувваҳои мусаллаҳ – сипар ва сутуни давлат

Ба ҳамагон аён аст, ки таҳкурсии нерӯҳои низомиву мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе оддитарин воситаҳои техникиву аслиҳа шурӯъ гардид. Пешвои миллат низ қайд намудаанд, ки нарасидани техника, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва одитарин ҷузъиёти ҳарбӣ (ред. дар солҳои аввали таъсисдиҳии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҳар лаҳза эҳсос мешуд. Аммо сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ онро таҳти назорати доимии худ қарор доданд. Зеро мақсади он таъмини сулҳу субот, оромию осоиштагии мардум ва амнияти ҳар як кишвар аст.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 18-уми декабри соли 1992 бо қарори Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуд. Баъд аз баргузории аввалин паради ҳарбӣ дар рӯзи 23-юми феврали соли 1993 ин сана ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд....

MORE....