Дамирбек Олимов - намоиши суруди нави худро бо номи “Ошиқ шудам” дар радиои “Ҳамсадо” баргузор кард. Олимов қаблан дар саҳифаи расмии худ навореро илова намуда аз таҳияи кори нав хабар дод. “Салом ба ҳамаи мухлисон. Ягона орзӯи ман ҳамин буд, ки бо танзимгари беҳтарини Тоҷикстон Ёқубҷон ҳамкорӣ кунам. Имрӯз як суруди беҳтаринро танзим карданд. Насиб карда бошад рӯзҳои наздик пешниҳод мекунем” – иброз карда Дамирбек. Баъди чанде бошад сароянда дар як тарабхонаи шаҳри Хуҷанд консерташро баргузор кард. “Консерт зӯр гузашт” – менависад сароянда дар Инстаграм.