Зулайхо Маҳмадшоева – сарояндаи соҳибистеъдоди тоҷик аввалин маротиба дар Тоҷикстон ва танҳо дар радиои "Ҳамсадо" намоиши намоҳангашро зери унвони “Бе ман бисуз” баргузор кард.
- “Суруди нави маро аввалин маротиба ва танҳо дар радиои “Ҳамсадо” шунида метавонед. “Ҳамсадо” дар Play Market ва App Store / Hamsado FM” – менависад ситора дар саҳифаи расмӣ.
Кори нави Маҳмадшоева дар кулли сомонаҳои иҷтимои шарҳҳои зиёдро ба бор овард. Ҳол он, ки Зулайхо соҳиби шавҳар ва ду фарзанди дуструяк аст, ба кӣ бахшида шудааст тарона? Ин барои мо то ҳол нофаҳмо.
Хушбахтона, санаи 14 феврал, ҳунарманд дар саҳифааш дар инстаграм расмеро бо дастаи калони гул илова намуда, ба муҳаббати зиёд нисбати шавҳараш ишора кардааст. Худи ҳамон рӯз ситора аз флэш-моб ва ё челленҷи нав хабар дода, ки ба суруди ҷадиди сароянда “Бе ман бисуз” бахшида шудааст. Ҷои аввалро дар ин озмун 3000 сомонӣ интизор аст.