То фарҷоми тақвими соли 2018 танҳо чанд рӯзи дигар боқӣ монд. Соли навро бошад, имсол сокинони шаҳри Душанбе зери ачаи 27 метра бо паҳноии 14 метр дар майдони “Дӯстӣ” истиқбол мегиранд. Ингуна арчаҳо ва дигар рамзҳои солинавӣ дар “Майдони 800-солагии Москва”, Амфитеатри “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ”, Боғи “Дӯстии халқҳо”, хиёбони Сино, назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва Сирки давлатии Тоҷикистон низ гузошта шудаанд. Бо фарқ аз солҳои қаблӣ дар назди арчаи асосӣ имсол ярмарка ташкил карда шудааст. Ҳамагон метавонанд хӯрокҳои тезтайёр, ҳар гуна кулчақанду шириниҳо, яхмосу нӯшокиҳо ва туҳфаҳои рамзиро аз 12 ғурфаи чубини дар инҷо гузошташуда дастрас намоянд. Дар баробари ин, баъзе аз нафарон дар хона, корхона ва зери биноҳои худ арчаи солинавӣ –рамзи ин индро мегузоранд. Ин амал метавонад базми Шуморо боз зеботар гардонад агар қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор риоя карда шавад. Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД барои эҳтиёт аз ҳолатҳои нохуш ба сокин