Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил баъд аз барҳам хурдани Иттиҳоди Шуравӣ дар солҳои аввали давлатдорӣ ба соҳаи энергетика таваҷҷуҳ махсус зоир намуд, зеро маълум буд, ки таъмини иҷрои барномаҳои мухталифи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дар сатҳи устувор нигоҳ доштани рушди иқтисодӣ ба ҳалли мушкилоти энергетикии кишвар вобаста буд. Яъне, рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо нерӯи барқ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, дар доираи Қабули “Барномаи давлатии дарозмуддати бунёди силсилаи неругоҳҳои хурди барқи обӣ дар давоми солҳои 2009-2020” мақсад гузошта шуда буд, ки нерӯгоҳҳои хурду миёна ва бузург, хатҳои интиқоли қувваи барқ ва таъсиси системаи ягонаи энергетикии мамлакат бунёд карда шаванд. Ва бо роҳи таъмиру таҷдиди иншооти гидроэнергетикӣ ва барқарорсозии иқтидори онҳо ва ба истифодаи технологияҳои каммасрафи энергия гузаштан зарур аст.
Барои дар амал татбиқ намудани ин ҳадафҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста талошҳои худро намуда истодааст ва маҳз заҳматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки Тоҷикистон имрӯз дар соҳаи энергетика ба дастовардҳои бузург рӯ ба рӯ гашт.