Найти в Дзене
Nemat Salimzoda

“ИСТИҚЛОЛ” — истиқлоли соҳаи тиб дар пойтахт

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз оғоз барои беҳтарнамоии соҳаи тандурустӣ талош дошт ва сол аз сол пояҳои техникӣ, сифати хизматрасонӣ, мукаммалшавии инфрасохтор ва неруи кадрии соҳаро тақвият дода, рушди ин бахши афзалиятноки ҷомеа ба меъёрҳои замони муосир мутобиқ гардонда шуд. Дар муддати 27 сол аз тарафи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи тандурустӣ маблағгузории соҳа қариб 1600 баробар афзоиш ёфта, аз 1  миллион сомонии соли 1992 ба 1 миллиарду 550 миллион сомонӣ дар соли 2018 расидааст. Давоми панҷ соли ахир дар кишвар беш аз 120 беморхона, 210 маркази саломатӣ, 80 дармонгоҳ, 250 бунгоҳи тиббӣ ва 56 корхонаву коргоҳи соҳавӣ ба истифода дода шуда, дар маҷмӯъ, аз замони соҳибистиқлолӣ то имрӯз, зиёда аз 1500 муассисаи тандурустӣ бунёд ва бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардидаанд. Дар назар аст, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз зиёда аз 1000 муассисаи тиббии нав — марказу бунгоҳҳои саломатӣ, беморхонаҳо, таваллудхонаҳо барои 10-15 кат, марказҳои ташхису утоқҳо
мАҶМААИ ТАНДУРУСТИИ иСТИҚЛОЛ
мАҶМААИ ТАНДУРУСТИИ иСТИҚЛОЛ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз оғоз барои беҳтарнамоии соҳаи тандурустӣ талош дошт ва сол аз сол пояҳои техникӣ, сифати хизматрасонӣ, мукаммалшавии инфрасохтор ва неруи кадрии соҳаро тақвият дода, рушди ин бахши афзалиятноки ҷомеа ба меъёрҳои замони муосир мутобиқ гардонда шуд.

Дар муддати 27 сол аз тарафи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи тандурустӣ маблағгузории соҳа қариб 1600 баробар афзоиш ёфта, аз 1  миллион сомонии соли 1992 ба 1 миллиарду 550 миллион сомонӣ дар соли 2018 расидааст. Давоми панҷ соли ахир дар кишвар беш аз 120 беморхона, 210 маркази саломатӣ, 80 дармонгоҳ, 250 бунгоҳи тиббӣ ва 56 корхонаву коргоҳи соҳавӣ ба истифода дода шуда, дар маҷмӯъ, аз замони соҳибистиқлолӣ то имрӯз, зиёда аз 1500 муассисаи тандурустӣ бунёд ва бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардидаанд. Дар назар аст, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз зиёда аз 1000 муассисаи тиббии нав — марказу бунгоҳҳои саломатӣ, беморхонаҳо, таваллудхонаҳо барои 10-15 кат, марказҳои ташхису утоқҳои муҷаҳҳаз барои хатна бунёд намоянд.

Дар доираи татбиқи “Стратегияи миллии солимии аҳолии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020” бошад,  зиёда аз 20 барнома дар соҳаи тиб амалӣ карда шудааст. Соли гузашта низ Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки дар он 16 қонуни соҳавӣ муттаҳид карда шудааст. Ҳамчунин, аз ҷониби Ҳукумати кишвар тавассути 95 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба соҳаи тандурустӣ, дар маҷмӯъ, беш аз як миллиарду 800 миллион сомонӣ равона гаштааст.

БЕШТАР БИХОНЕД...