Найти тему
Nemat Salimzoda

ҲИЗБЕ, КИ ПОЙДОРИИ МИЛЛАТ МАРОМИ ӮСТ…

Ҳизби мо ба сифати нерӯи муқтадири сиёсии кишвар барои воқеан амалӣгардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ,озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун,иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна,ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ тоимрӯз талош меварзад.
Эмомалӣ РАҲМОН

Яке аз асосҳои давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ ин, пеш аз ҳама, гуногунандешӣ ва татбиқи иродаи халқ мебошад, ки ин кор метавонад тоталитаризмро аз байн барад. Амалӣ шудани ин раванд ва ба ин васила иштироки фаъолонаи халқ дар ҳаёти сиёсии кишвар бо роҳи фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ пеш меояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ системаи бисёрҳизбӣ дар доираи қонунҳои амалкунанда ва ба меъёрҳои ҷаҳони мутобиқ, ба роҳ монда шудааст. Имрӯз дар кишвар ҳафт ҳизби сиёсӣ дар доираи барнома ва оинномаи худ фаъолит мекунанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ ҳамчун ҳизби сиёсӣ ва пешгому муваффақ бо барномаи худ барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, созандагиву ободонӣ, рушду устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум кори худро пеш бурда истодааст, ки бо барномаҳои стратегии Ҳукумати мамлакат ҳамранг аст.

БЕШТАР БИХОНЕД....