Найти тему
BOMDOD - NEWS

Кане Уэст - худро хариданист

Пас аз як ҳафтаи хомӯши Кане Уэст тасмим гирифт, ки фикрҳои худро бо ҷаҳониён мубодила кунад ва ҳатто аккаунти худро дар Twitter барқарор созад. Рэпер навори нӯҳдақиқаенаеро илова карда дар бораи таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ, дар бораи ақида ва муносибаташ бо бузургтарин нашрияи мусиқавии Sony ва албатта дар бораи худаш нақл кард. Кане иқрор кард, ки одамон кӯшиш мекунанд ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба ақида ва равиши фикраш таъсир расонанд ва бо қоидаҳои худашон бозӣ кунанд. Ҳамаи барояш аслан писанд нест.

Ҳамаи ин суханҳои пур аз эҳсосот эҳтимол пас аз гуфтушуниди охирини ӯ бо ширкати Sony пайдо шуд, ки моҳи майи соли ҷорӣ EMI Music Publishing онро харидори кард. Уэст тасмим гирифт “худро харидорӣ кунаду” шартноммаашро бекор, ин ҳам бошад бар ивази 9 миллион доллар, аммо ҷавоби рад гирифт.