1,0×
00:00/02:16
Описание
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
3 месяца назад • 147 просмотров4 поставили "Нравится"
Рақамикунонӣ – ин афзоиши маҳсулоти дохилии умумӣ, ҷойҳои нави корӣ ва роҳи қулайи ҳалли масъалаҳои сершумори маишӣ ва корӣ мебошад. Ҳама мехоҳанд, ки дар дилхоҳ қаҳвахона ё боғ аз Wi-Fi бархурдор бошанд, дар баландии кӯҳҳо ба якдигар аксу видео фиристанд, зери дасти худ барои интиқоли мобилии маблағҳо интернети босуръат дошта бошанд. Ҳеҷ кас барои пеш бурдани ҳаёт дар давлати замонавӣ бо технологияҳои рушдёфтаи рақамӣ зид нест. Лекин боиси таассуф аст, ки Тоҷикистон на ҳамеша ба чунин интизориҳо мувофиқат мекунад. Барои чӣ ҳолат чунин аст ва чӣ тавр метавон роҳи ҷумҳурии моро сӯи “рақам” вусъат бахшид?Муфассал дар гузориши ТВ-Сафина.