Найти в Дзене
ВОРУХ ТВ

ИСФАРА. ВОРУХ. САРИ ДАШТ

(чанде аз дидаву шунидаву мулоҳизот)

    Имрӯз (10-уми май) ҳавои маҳаллаи Сари Дашти деҳи Ворух мавзеи сабқати офтобу боронро мемонд: аз субҳи солеҳон ончунон борони башиддат борид, ки гумон кардем, охир надорад, аммо баъди тақрибан ду соат осмон ончунон соф шуд, ки гӯӣ умуман борон набуд. Баъди зуҳр боз борони реза-реза ба қавле баргу шохаҳои дарахтонро ба рақс даровард. Болои кати ҳавлӣ нишаста, чунин манзараи зеборо дида, тора-тораҳои асаб ором мегирад, ҳамагуна хиёлоти мағшушро шир-шири ин борон покиза мешӯяд. Баъди соати 16 якбора офтоб мисли Рустами таҳамтан рух намуд ва лашкари афросиёбии абрҳои тира пароканда шуд, аммо аз соати 18 ин тараф боз дар осмон абрҳо пайдо шуданд...

    Кори интернет дар ин деҳ ҳам мисли сабқати хуршеду абрҳост, гоҳ пайдову гоҳо нопайдо... Ба дурудароз нигаристани банда ба рехтани борон ҳамсуҳбатонам зеҳн монда, чизеро пурсон шуданд. Гуфтам, ки беҳтарин унсури манозири баҳорӣ ҳамин тамошои борон аст... Касе гуфт, ки имрӯзу пагоҳ ва пасфардо ҳамин гуна борон хоҳад буд. Аз иттилоъи интернет огоҳ будааст. Шӯхӣ кардам, ки беҳтарин иттилоъ чунин аст: "Ҳоло бубинед, ки баъди борон ҳатман офтоб мебарояд, яъне борон хотима меёбад...". 

    Баъдан аз байте ёдовар шудам, ки намедонам ба кӣ гуфта шудааст, аммо яқин ки дар мазаммати ашхоси мутаассиб аст:

Аз каромоти шайхи мо чӣ аҷаб,

Барфро диду гуфт: меборад...

     Парерӯз ҳамин гуна манзараи дилангезро дар ҳавлии Бобомӯсои саридаштӣ дида будам: ҳаво тамоман соф, ба иборате дигар, ойина барин беғубор... Ҳавлии васеъ, сердолу дарахт... Аз як паҳлуи ҳавлӣ растаи сафедорон, мисли он ки бо фармони касе саф кашидаанд, аз таъсири насими баҳорӣ баргу шохаҳои ин дарахтон ончунон меларзанд ва садои хишир-хишири аҷибе ҳосил мекунанд, ки гӯё пешорӯятон як даста мутрибон менавохта бошанд... Симфонияи баргҳо... Гумонам, ягон сози мусиқа наметавонад бо ин гуна садоҳои табиии гӯшнавоз баробарӣ бикунад... 

     Зичии аҳолӣ дар маҳаллаи Сари Дашт мисли дигар маҳаллоти Ворух хеле зиёд аст. Инро аз кӯчаҳои нисбатан танг ва масоҳати ками замини хоҷагиҳо фаҳмидан мумкин аст. Мегӯянд, ки деҳа бо ҳавлиҳои кушоду заминҳои сердарахташ, гову молаш зеб дорад, аммо ин ҷо манзара дигархелтар аст: гову моли мардум дар чарогоҳ, замини назди ҳавлиҳо кам аст, аммо қисми зиёди аҳолӣ дар поёнтари маҳалла барои кишту кор замин ва бархе боғ ҳам доранд. Аз чеҳраҳои офтобхӯрдаи пиру барно маълум, ки мардум асосан дар саҳро заҳмат мекашанд. Чизе, ки таваҷҷуҳи бандаро ҷалб кард, ҳамин одоби шоистаи кӯдакону наврасон буд: ҳама дастҳо пеши бар салом медиҳанд, агарчи гурӯҳ-гурӯҳ бошанд, агарчи касро нашносанд ҳам...

      Бо муаллими мактаби деҳа Иброҳим Аминов суҳбат мекунам. Ин мард, ба қавли ҳолдонҳо, беҳтарин муаллими физика на танҳо дар Ворух, балки дар тамоми Исфара ба шумор меравад, садҳо шогирдонаш дар макотиби олии соҳаҳои техникиву тиббӣ таҳсил кардаанду мекунанд. Имсол соли панҷоҳум аст, ки ӯ муаллимӣ мекунад, панҷоҳ сол - як умри одамӣ... Ва панҷоҳ сол зистану кор кардан дар як деҳаву як маҳалла. Ин қабил муаллимонро фидоӣ мегӯянд, ҳаминҳоянд, ки низоми маориф то кунун пойдор аст, суннату анъанаҳои ин соҳа аз байн нарафтааст... Шояд дар шуъба, ё намедонам раёсати маорифи шаҳри Исфара аз сарнавишти ин марди хирад огаҳ бошанд ва ҷаласае барпо карда, унвонеро, ҷоизаеро насибаш гардонанд... Чанд ҳарфи ширине дар ҳузури хосу ом дар ситоиши ӯ бигӯянд... 

     Аз суҳбате фаҳмидам, ки танҳо аз литсейи деҳи Ворух 100-умин хатмкарда ба Донишгоҳи тиббии пойтахт дохил шудааст. Сад нафар танҳо аз як деҳи дурдаст. Аммо... Аммо духтурони соҳибкасб намерасанд, аксарият баъди хатм ба Русия роҳ пеш мегиранд... Боз ба қавли ҳолдонҳои ворухӣ, дар мулки рус табибони ворухӣ иззату эҳтироми калон доранд, дар бархе вилоёти русӣ ба мансабҳои баланди ин соҳа расидаанд... Шояд мақомоти иҷроияи шаҳри Исфара барномаеро рӯйи кор оварад, то ки аввалтар аз Русия дар ҳамин деҳоти худӣ табибони худӣ фаъолият дошта бошанд, имтиёзҳо ва бино ба камбуди маош сарчашмаҳои иловагии таъмини иқтисодии онҳоро дарёбанд. Хулоса, коре бояд кард, ки мақоли "аввал хешу баъд дарвеш" татбиқ шавад...

      Маркази Ворух бо қасри бошукӯҳи фарҳангаш зебост. Порсол бо сардабири "Минбари халқ" Бахтиёри Ҳамдампур ин қасрро ҳам аз дохил ва ҳам аз берун тамошо карда, бо масъулинаш суҳбат карда будем. То имрӯз имкони дубора дидани ин қаср муяссарам нашудааст. Имсол диққати бандаро ҷойи бозиву машғулияти кӯдакон ҷалб кард. Ба суоли "оё кӯдакон ҷойи махсуси бозӣ доранд?" посух наёфтам... Барои деҳе, ки беш аз 40 ҳазор аҳолӣ дорад, ин суол бояд проблема бошад. Ҳам барои ҳукумати шаҳр ва ҳам барои сарватмандону тоҷирони ин деҳа. Сохтани як боғи кӯдакона, ки пур аз лавозимоти дилхушии атфол бошад, аҷаб кори савоб барои насли оянда хоҳад буд. Ба ҳолдоне ин андешаро гуфтам ва посух гирифтам, ки ин гуна боғ дар ду-се сол ҳама хароҷоташро хоҳад баровард...

     Ҳоло мардум дар андешаи асфалтпӯш кардани роҳи маҳалла ҳастанд. Як қисми маблағро барои бунёди ин роҳ онҳое мефиристанд, ки зодагони ҳамин маҳалла буда, дар Русия кор мекунанд. Қонуни ҷозибаи Нютон: дар ҳар ҷойе бошӣ, ба ғаму шодии аҳли деҳ шарик ҳастӣ, аз мушкилоти деҳ набояд худро дар канор гирӣ... Чун дар дигар манотиқи кишвар дар ин ҷо ҳам ҷомеаи суннатӣ ҳукм меронад ва шояд як сабаби устувории давлат (новобаста аз дастовардҳову мушкилоташ) ҳамин навъи ҷомеадорӣ бошад... 

     Инак, рӯзи панҷум аст, ки аз табиати басо зебои ин диёр роҳат мебинам ва бо фаро расидани торикӣ ин рӯзи босафо ҳам ба поён мерасад... Тахмин мекунам, ки пагоҳ низ борон мешавад, аз шамоли тунду тези шабонааш маълум...

Ҳафиз РАҲМОН,

маҳаллаи Сари Дашти деҳи Ворух,

10.05.2022.