Найти тему
ИнфоТЧ

Таснифот ва экологияи алафҳои бегона

Нақша:

1. Алафҳои бегонаи кўтоҳумр

2. Алафҳои бегонаи бисёрсола

3. Алафҳои бегонаи муфтхўр ва ниммуфтхўр

Бо мақсади самарабахш будани мубориза бо алафҳои бегона онҳоро аз рўи аломатҳои муҳимашон ба гуруҳҳо муттаҳид сохтаанд. Системаи ботаникӣ, ки ба аломатҳои марфологи асос ёфтааст, барои мақсадҳои истеҳсоли нокифоя мебошад, зеро дар ин маврид дар як ва ҳамон гурўҳи системавӣ растаниҳое меафтанд, ки аз ҷиҳати махсусиятҳои биологиашон фарқи зиёд доранд.

Амалан алафҳои бегонаро аз рўи аломатҳои биологиашон тасниф мекунанд. Ба онҳо тарзҳои ғизогирии растаниҳо дарозумрии онҳо тарзҳои афзоишёби таалуқ доранд.

Аз рўи тарзи ғизогири алафҳои бегона ба 2 типи миқдоран нобаробар (А.В. Фисюнов): ғайримуфтхўр, паразит ива ниммуфтхўр.

Алафҳои бегонаи ғайримуфтхўр бештар алафҳои бегона-ро ташкил медиҳанд. Инҳо растаниҳои афтотрофии одди мебошанд. Онҳо ба ду зертин- камумр ва дарозумр ҷудо мешаванд.

Ба камумр растаниҳое мансуб мебошанд, ки танҳо ба воситаи тухмиашон афзоиш ёфта, даври ҳайётиашон на аз 2 сол зиёдтар Буда, пас аз пухта расидани тухмашон мемуранд. Вобаста аз давомнокии фаъолияти ҳайётиашон онҳоро ба чунин биогуруҳҳо: эфемерҳо баҳории барвақт, баҳории дер, зимистонгузарон, тирамоҳӣ ва дусола ҷудо мекунанд.

Ба дарозумр алафҳои бегона-е мансубанд, ки дар давоми чанд сол сабзида дар давоми даври ҳаётиашон якчанд маротиба самар оварда ба василаи тухми ва узвҳои нашвиашон афзоиш меёбанд. Вобаста аз узвҳои нашвии афзоишёбиашон онҳоро ба 7 гуруҳ ҷудо менамоянд.

Қобилияти бо роҳи нашви афзоишёбии ду гурўҳи якуми алафҳои бегонаи дарозумр аз ҷиҳати биологӣ суст, аз они гурўҳи охири хеле суст ифода ёфтаанд. Боқимонда мавқеи мобайниро ишғол менамоянд.

Ба алафҳои бегонаи муфтхўррастаниҳое мансубанд, ки қобилияташонро нисбати фотосинтез аз даст доранд ва аз ҳисоби растании «соҳибхона» ғизо мегиранд. Онҳо баргҳои тахфифшуда-ро соҳиб мебошанд. А /б –и ин гуруҳ эктомуфтхўр ба ҳисоб мераванд. Алоқа бо растании соҳибхона дар онҳо ба василаи узвҳои махсус маканда амалӣ мегардад. Вобаста аз ҷои робита бо растании соҳибхона онҳоро ба 2 биогуруҳ: решагӣ ва поягии муфтхўр ҷудо мекунанд.

Алафҳои бегона ниммуфтхўр нисбат ба фатасинтез қобилият дошта ва аз ҳисоби растании соҳибхона ғизо мегиранд. Аз растании соҳибхона онҳо об ва моддаҳои минералию қисман органики маҳлулгаштаро мегиранд.

Шароитҳои табиии гуногуни парвариши зироатҳои кишоварзӣ, табиист, ки ба тағир ёфтани шаклҳои экологии алафҳои бегона , ки дар киштзор мерўянд таъсир мерасонад.

Бинобар ин дар шароитҳои гуногуни экологӣ ҳамаи як намуди алафҳои бегона метавонад дар биогуруҳҳои гуногун пайхас гардад. Масъалан дар зимистонгузарон ва баҳорӣ. Дар байни алафҳои бегона дусола чунин намудҳое ҳастанд, ки дар шароитҳои мушаххас ҳамчун зимистонгузарон ишкишоф меёбанд. А /б –и тирамоҳи дар мавриди сабзиши тухмии онҳо дар баҳорон минбаъд худро чун дусола зоҳир месозанд.

Дар мавриди дурудароз ва бетанаффус кор кардани хок шакли алафҳои бегона тағир меёбад. ин ҷараён бо роҳҳои гуногун гузашта ниҳоят ба гурўҳи махсус алафҳои бегона махсусгашта оварда мерасонад.

Беҳтар он навъҳое инкишоф меёбанд, ки бештар бо хусусиятҳои биологии зироатҳо (аз руи вақт сабзидан, набз давомнокии инкишофёби мутаассиршавӣ нисбати усулҳои нигоҳубини ва ғ)-и парваришёбанда монанд мебошад. Дар натиҷа ҳамеша ин гурўҳи махсус миқдоран зиёд мегардад. Дар киштзори зироатҳои тирамоҳи метлица обикновенный, хиреки оддӣ, резушка таля, шилкинаки марминҷонмонанд, ишанка лежачий, живокость полевой, дар киштзори зироатҳои ғалладонагӣ- девгандум, бомас, пикульник обыкновенный, чистец однолетный, дар киштзори зағир забонсўзак, шоҳтараи табобатӣ, торица полевой, торичник красный ва ғ. аз қобили ҳамин гунна алафҳои бегона мебошанд.

Шароитҳои зироатҳои парваришёбанда (меъёри кишт, тарзи кишт, системаи коркарди хок, навъи нурипоши, таъмин ба номӣ ва ғ) низ барои навъи муайяни алафҳои бегона мусоид мебошад. Чунин шароитро дар киштзори зироатҳои тирамоҳи барои худ тугмагули кабуд бобунаи давои, ҷағ-ҷағ, бунафшаи саҳрои, ярутка полевая, мятлик однолетный, гандумак, чилбанди саҳроӣ, дар киштзори зироатҳои баҳори- бозейткан, хори морак, карами саҳрои, тарби ёбоӣ, пикульник заметный, часпак дар кишти зироатҳои қаторӣ ежовик петушье просо, ҷунокак, матинҷ ва ғ. меёбанд.

Баъзан мутобиқ гаштани алафҳои бегона киштзори зироатҳо аз рўи аломатҳои марфологии растаниҳо: баландӣ, габитус, шакли хўшагул, баргҳо, ранг ва ғ. низ инкишоф меёбанд.

Шабеҳияти марфологӣ дар киштзори зағири дарозпоя ба плевел- расстовлер; дар ҷав забонсўзак, шўрак,; дар арзан ежовник петушье просо; дар шолӣ арзани калондона хос аст.

Мутобиқшавии алафҳои бегона бо интихоби аломатҳои физикию механики низ зич алоқаманд мебошад. Аз ҷумла шакл андоза ва бодбари монанд барин аломатҳо тухми ва самарии алафҳои бегона ба маводи кишткундаи растаниҳои зироатӣ меафтанд. Дар натиҷа тоза намудани он аз тухмии алафҳои бегона якбора душвор тозашавндаро гирифтаанд. Дар ҷавзои тирамоҳи ба он хирек дар гандум софар лисохвост, головчатка сирийский, синеглазка, марҷумаки тоторӣ нисбат доранд. Душвории хоса ҳангоми тоза наиудани ҷаву овёс аз бомасу овеси курмак турби ёвои ва термопсиси ланцетолистный пеш меояд.

Дар киштзори зағир ба алафҳои бегона-и душвортозашаванда торица льняной, плевел расставленный, ғумай, талхак ва ғ. ба ҳисоб меравад.

Барои сабарга чунин алафҳои бегона қашқабедаи зард, шўргиёҳ, сабзии ёбои, смолевка вильчатая, мехаки сафед, барги зулф, шўрак, тарак дар киштзори юнучқа бошад боз қуноқақи сабз, миҷинг, вазираки одди ба ҳисоб меравад.

Аз алафҳои бегона махсусгардонидаи ҷавдори тирамоҳи хирёк ва хирёки саҳрои; овёс-бомас; марҷумак-марҷумаки тоторӣ; зағири дарозпоя- тарица льнвяной, рыжик льньяной, плевел расставленный; шолӣ курмакро номбар кардан мумкин аст. Бисьёре аз ин алафҳои бегона берун аз киштзори ивлосгашта ва намехўранд, зеро ба он одатан ба маводи киштшаванда дохил мегарданд.

Ҷараёни мутобиқшавӣ бо роҳи ташаккул ёфтани экотипҳои маҳсулгардонидашудаи навъҳои муайяни алафҳои бегона ба амал меояд. Аз ҷумла дар натиҷаи истифодаи мунтаззами коркарди дери хок дар ибтидои солҳои 70-ум дар кишзори гандум экотипи бомас бартари пайдо намуд, ки пас аз 10-12 рўз майсааш зоҳир гашта дар солҳои 50-ум ин ҳодиса мушоҳида намегардид.

Муборизаи бомуваффақият бо алафҳои бегона-и махсусгардида танҳо дар асоси тадбирҳои махсус имкон дорад, зеро усулҳои умумии агротехники таъсирбахш нестанд.

Алафҳои бегонаи муфтхўр ва ниммуфтхўр. Алафҳои бегона муфтхўр ва ниммуфтхўр гурўҳи камшумор буда, дар баъзе растаниҳои мазрўи туфайлихўри мекунанд.

Алафҳои бегонаи муфтхўр.Ба онҳо ҳамаи навъҳои (қариб 100) шумгиёҳ мансуб мебошанд. Инҳо растаниҳои яксола бе барги сабз мебошанд. Тухмиашон хеле хурд Буда, ба василаи шамол сабук бурда (паҳн) мешаванд. Дар якҷояги бо оби заҳида онҳо ба хок афтида қобилияти сабзишашоноро 5 ва аз он бештар низ нигоҳ медоранд. Тарашшўҳоти решагии растании соҳибхона ба сабзиши тухмии онҳо мусоидат менамояд. Навдаи паразит ба чуқурии решаи растании соҳибхона роҳёфта, он ҷо узви макиш ҳосил менамоянд, аз рўи он бошад аз берун решаи ғафс ба вуҷуд меояд. Аз қисми болоии он пояи беранги ғафс- гулбар ва аз қисми поении решачаҳои иловагӣ бо макиш ҳосил мегардад. Дар мавриди ифлосшавии сахт то 50 ва аз он ҳам зиёдтар гулбарҳо дар як решаи растании соҳибхона ба вуҷуд меояд. Растаниҳои гирифташуда бад инкишоф ёфта ҳосили паст медиҳанд ё то ҳосил додан мемиранд.

Дар собиқ ИЧШС бештар чунин навъҳои шумгиёҳ маълуманд:

Шумгиёҳи офтобпараст ( )– бештар дар решаҳои офтобпараст инчунин дар тамоку, помидар ва баъзе алафҳои бегона тйфайлихўрӣ менамояд. Дар ноқилҳое, ки офтобпараст парвариш мекунанд, ба хусус Украина, Қафқози Шимолӣ, паволжей Поён бештар паҳн гаштааст.

Шумгиёҳи навдадор ( ) - дар бангдона, тамоку, карам, каду, харбуза, сабзӣ, офтобпараст ва алафҳои бегона- газна, бангдонаи ёвои ва ғ. туфайлихурӣ мекунад. Дар ноҳияҳое, ки бангдона, тамоку, махорка (тутун) парвариш мекунанд вомехўрад.

Шумгиёҳи мисри ( )- ба зиёда аз 90 навъи растаниҳо, аз он ҷумла зироатҳои мазрўӣ; карам, Турб, сабзӣ, картошка, памидор ва зироатҳои полези осеб мерасонад. Дар қисмати ҷанубии Европа, Осиёи Миёна вомехўрад. Навъи хатарнок ба шумор меравад.

Аз ҳама паҳншудатарин алафҳои бегона муфтхўр тамоми навъҳои зардпечак (Cuscuta sp.) мебошанд. Инҳо растаниҳои яксолае мебошанд, ки аз тухмиашон афзоиш меёбанд. Ба ҷои баргҳо дар пояи зарпечак пулакчаҳо ҷойгиранд. Пояшон борик буда, дар гирди поя (тана)-и растании соҳибхона мепечад. Пас аз сабзидан растаниҳои навруста (ҷавон) ба танаи растании соҳибхона бо узвҳои макондаашон часпида, алоқаашонро ба хок мекананд.

Бештар зарпечаки себарга ( ), зағир ( ), дашти ( ) паҳн гаштаанд.

Зарпечаки себарга бештар дар минтақаи ҷангалзор паҳн гашта, дар себарга юнучқа, эспартет, баъзан дар зағир, картошка ва дигар навъи растаниҳо туфайлихури мекунад. Тухмиҳои он аз тухмии себарга душворҷудошаванда Буда, қобилияти сабзишашонро дар хок ва муддати 4-5 сол, дар пору бештар аз як моҳ нигоҳ медоранд.

Зарпечаки зағир дар ноҳияҳои зағирпарварии қисмати Европоии собиқ ИЧШС паҳн гаштааст. Киштзори зағир ҷавдор, бангдона ва ғ - ро ифлос менамояд. Дар алафҳои бегона бисьёр туфаймехури мекунад.

Зарпечаки дашти дар ноҳияҳои ҷануби, ғарбии собиқ ИЧШС паҳн гаштааст. Дар себарга, юнучқа, нахуд, қашқабеда, лаблабуи хўрокӣ ва емвори, сабзи, тарбуз ва бисьёр алафҳои бегона туфайлихўри мекунад. Аз ҳама таҷавузкор ва навъи обёрасонанда ба ҳисоб меравад.

Алафҳои бегонаи ниммуфтхўр. Ба онҳо растаниҳои яксола – ифлоскунандагони марғзор ва киштзорҳо; очанкаи резагул ( ), зубчаткаи одди ( ), погремаки калон ( ) мансуб мебошанд.

Пагремоки калон дар решаҳои ҷавдори тирамоҳи ва алафҳои хушадор туфайликуни мекунад. Майсаи он бе реша Буда, баъди 6 ҳафта маҳв мешаванд. Тухмиаш қобилияти сабукиро танҳо дар давоми як сол нигоҳ медорад. Бо диққат тоза намудани тухмии ҷавдор ва кишт намудани тухмии соли қабли одатан киштзорро аз ин навъ алафҳои бегона озод менамоянд.

Зубчаткаи одди – алафи бегонаи дар ҳамаҷо маъмул Буда, дар нимаи дуюми тобистон инкишоф меёбад. дар ноҳияҳои шимолӣ дар решаҳои ҷавдор туфайлихури намуда дар қумзор дар майдонҳои ангор ва заминҳои партов ба вуҷуд меояд.

Дар мубориза ба муқобили алафҳои бегона –и муфтхўр, ба ғайр аз усулҳои умумӣ, тадбирҳои махсусро низ ба кор мебаранд. Ба онҳо чунин тадбирҳо ба ҳисоб мераванд; кишт намудани зироатҳои осеббинанда, на дертар аз тухмиҳои дар хок мавҷудбудаи алафҳои бегона-и парҳити боиси маҳви ин алафҳои бегона мегардад (барои павилика 4-5, барои заразиха 6-7 сол); тарзҳои махсус тоза намудани тухмиҳои себарга, ҷавдор, зағир, тамоку ва дигар зироатҳо аз тухмиҳои павилика, погремка ва дигар алафҳои бегона-и паразит ива ниммуфтхўр, кишти навъҳои бар зидди алафҳои бегона (шумгиёҳ) устувори зироатҳо; маҳв сохтани манбаи ифлосгашта бо растаниҳои осебдида ба василаи усулҳои кимиёи ва ғ.