Нақша:
1. Маҳсулнокии алафҳои бегона
2. Хусусиятҳои биологии тухмии алафҳои бегона
4. Афзоиши нашвии алафҳои бегона.
Алафҳои бегона соҳиби хусусиятҳое мебошанд, ки ба тадбирҳои муборизаи зидди онҳо нигоҳ накарда, имконияти дар майдонҳо боқи монданашонро таъмин мекунанд. Чунин хусусияти онҳоро дониста давраҳои ҳаёти ва шароитҳои берунаеро ошкор намудан мумкин аст, ки барояшон наздик ҳасос мебошад. Ин барои истифодаи тадбирҳои самарабахш доир ба маҳв сохтани алафҳои бегона дар киштзорҳо растаниҳои хоҷагии кишоварзӣ ва узвҳои нашвии онҳо дар хок зарураст. Ба чунин хусусиятҳо маҳсулнокии баланди тухмидиҳи, тарзҳои гуногуни паҳншавӣ, хусусияти биологии тухми (оромӣ, дарозумрӣ, гуногунсамарӣ), қобилияти баланд нисбати афзоиши нашвӣ мансуб мебошанд.
1. Маҳсулнокии тухмидиҳи. Яке аз сабабҳои ба тези паҳн гашатани алафҳои бегона маҳсулнокии баланди тухмидиҳи мебошад. Агар як растании ҷавдор дар киштзор қобилияти 120-200 дона, зағири дарозпоя 60-100 дона тухми диҳанд, он гоҳ растании хирек- 1420, василёк синий – 6820, бозейткан 19 ҳаз, бобуна -54ҳазор, шўрак 100 ҳазор, дескурении софи 730ҳазор ва миҷинг бошад то 2 млн дона тухмиро метавонад ташаккул диҳанд.
Тадқиқотҳои ИПИХК-ии Ҷанубу Шарқ имкон даданд, ки аз ҷиҳати маҳсулнокии тухмдиҳи ҳамаи алафҳои бегона-и камунрро ба 3 гуруҳ ҷудо намоянд.
Ба гурўҳи якум чунин растаниҳое, нисбат дода шудаанд, ки ба ҳисоби миёна ба як бех 50-600 тухми рост омада бештари он миқдоран аз 15 ҳаз намегузарад. Ба ин гурўҳ бомас, плевел опьяняющий, қаланфур печон ва қаланфури дағал, девгандум, сўкгиёҳ, қўноқак, сжовник петушье просо, турби ёвои ва ғ мансуб мебошанд. Ин алафҳои бегона аз ҷиҳати баландӣ бақабати миёна (средный яркус) расида ба алафҳои бегонаи ифлоскунандаи зироатҳои мазрўи наздикӣ доранд. Ҳангоми ҷамъовари бештари тухми ин алафҳои бегона ва ғалла афтида дар мавриди хуб тоза накардан ба хок мегузаранд.
Гурўҳи дуюмро алафҳои бегона бо маҳсулнокии миёнаи тахмидиҳи, аз 600 то 1500 дона ва бо ҳадди аксар аз 20 то 100 ҳазор дона аз ҳар растани (салиба, ярутка полевая, хордал, икатник серый, ҷағ-ҷағ ва ғ) ташкил медиҳанд.
Ин алафҳои бегона дар қабати боло ё поении қарор доранд, яъне аз ҷиҳати баландии ифлоскунандагони растаниҳои парваришёбандаро мегузаранд ё аз онҳо пастар ҷой мегиранд.
Гурўҳи сеюмро алафҳои бегона бо маҳсулнокии мийна аз 1500 то 5 ҳаз тухми ва бо ҳадди аксар аз 100 ҳаз то 1 млн ташкил медиҳанд. Ба ин гурўҳ аксаран алафҳои бегона хасу хошок ва баландпоя (эригарони канадагӣ. Шўроки сафед, базрубланҷи сиёҳ, дескуренияи София, матинҷи шўрак) мансуб мебошанд.
Миқдори зиёди тухмии чунин алафҳои бегона ба сатҳи хок афтида дар шароити номусоид барои сабзиши навда надода маҳв мешаванд. Вале маҳсулнокии баланди тухмидиҳи дар мубориза барои ҳифзи навъиашон ба онҳо кўмак мерасонад.
2. Хусусиятҳои биологии тухмиҳо. Вазъи оромии тухмиҳо. Тухмӣ ва самари тозапўшхўрдаи алафҳои бегона одатан ҳамаашон якбора намесабзанд. Оромии табиӣ ва маҷбури омили ин ҳодиса мебошанд.
Оромии табии (мадиднок ё физиологӣ)-и тухми ва самарии пашхўрда бо сабабҳои дар онҳо ба охир нарасидани протцесҳои физиологию биокимиёи часпак, ҷағ-ҷағ ва ғ, мавҷудияти бофтаҳои рўйпушшудаи барои обу ҳавонагузаронда (қашқабудаи сафед, горец шероковатый, пикульник заметный, турби ёбоӣ, чистец однолетний ва ғ) дар таркиби бофтаҳои руйпушкунанда мавҷуд будани ингибиторҳо (хардал, бунафшаи саҳрои, бомас, базрулбанҷ ва ғ) сабзиши онҳоро боз медоранд.
Оромии маҷбурӣ (дуюмбора ё экологӣ) дар тухмиҳо аз сабаби набудани ҷами омилҳои мусоиди экологии берунае, ки қобилиятро нисбати сабзиши муайян месозанд (нарасидани нами. Барзиёдии гарми, ҳузур надоштани рўшнои. Мавҷуд набудани ингибаторҳои растани ва ғ ) боис мегарданд. Аз ҳамин сабаб тухмии алафҳои бегона давраи дуру дарози нешзаниро соҳиб мебошанд.
Дар шароити озмоиши (лабаратори) тухмии дескурения София ва гулзардак дарионӣ дар соли чорум, звездчатки лесной ва горчица полевой дар соли шашум, ярутка полевой ва гули хайри дар солҳои ҳаштум-нуҳум майса доданд.
Давраи дарози сабзишро тухмии алафҳои бегонае, ки дар хок буданд ҳамчунин нигоҳ доштанд.
Зоҳир гаштани майса аз тухмии часпак, матинҷ, хори морак бозейткани саҳрои қариб 2 сол, қаланфур ва торица полевая, 5-6 сол, турби ёбои, забонсўзак, пикульник обыкновенный, шўрак, ярутка полевая, дымянка аптечной – зиёда аз 10 сол идома меёбад.
Дарозумри – Тухмии бештари алафҳои бегона дар хок ба зуди қобилияти ҳайётии худро гумм карда ва нобуд мешаванд. Баъзеи онҳо бошанд, қобилияти ҳайётиашонро пас аз солҳои дарози дар он будан низ гумм намекунанд.
Аз ҷумла тухмиҳои алафҳои бегона қабили бомас, забонсўзак, шўрак, торицы полевой. Ярутка полевой, барги зуфи калон, косни фаъолияти ҳаётии худро зиёда аз 5-7 сол нигоҳ медоранд.
Тухмиҳои звездчатка средней, хордал, ҷағ-ҷағ, матинҷ, қашқабедаи давоги пас аз 30 соли дар хок будан майса доданд. Тухмиҳои вьюнка полевой, шулха, хордали сиёҳ қобилияти ҳайтаашонро хатти пас аз 50 сол низ гумм накарданд.
Гуногунсамари – Дар баъзе аз алафҳои бегона сама рва тухмиҳое ташаккул меёбанд, ки аз рўи аломати марфологиашон (гуногун самарӣ ё гетерокарпия) шабеҳи ҳам нестанд. Ин ҳодиса имкониятҳои навъро чи дар ҳамон ҳудуди мушакхас ва дигар ҷамъи майдонҳо нақши бартариро васеъ менамояд.
Аз ҷумла дар шўрак се навъи тухми ташаккул меёбанд;калон- аз ҷиҳати шакл ҳамвор ва бо ранги сабзу ҷигарии равшан дар тирамоҳ яъне дар соли ташаккулёби месабзанд аз ҷиҳати андоза миёна, гирдаи барҷаста бо рўйпуши тунук ва ранги сабзу сиёҳ дар соли дуюм месабзанд; хеле хурд гирдаи байнашакл, сиёҳи ғализ одатан дар соли сеюм ва баътар месабзанд.
Дар тудагули бомас доначаҳои аз ҷиҳати аломатҳои биологӣ гуногунтип ташаккул меёбанд. Дар қисмати болоии он доначаҳои резаи торикранг ташаккул ёфта ба осони мерезанд ва давраи оромиашон 22 моҳро дар бар мегирад. Онҳо аз ҷумҳурии на камтар аз 10-12см майса дода растаниро ташаккул медиҳанд ва аз ҷиҳати набзи инкишофёби бо алафҳои бегона зери баҳори ва дерпаз шабоҳат доранд. Доначаҳо аз қисмати поёнии тўдагул аз ҳама барҷаста буда, ранги равшан доранд, дертар рехта маводи кишташаванда зироатҳоро ифлос менамоянд. Давраи оромии ин доначаҳо қариб 2-3 моҳро ташкил медиҳанд. Пас аз ба итмом расидани ин оромӣ онҳо шароити барояшон мусоид баробар месабзанд. Майсаҳо сатҳи хокро аз ҷуқурии 18-25 см даре намуда растаниҳо ҳамчун алафи бегонаи барвақтпаз инкишоф меёбанд. Дар қисмати мобайнии тўдагул доначаҳо аз ҷиҳати аломатҳои марфологию биологи ҳамчун мобайни ташаккул меёбанд.
Тухмиҳои алафҳои бегона аз оилаи астровиҳо (салибаи баҳори, риши буз ва ғ), ки дар байни хушагул ташаккул меёбанд, назар ба тухмиҳои дар канора ҷойгирифта, давраи камтари оромиро соҳиб мебошанд. Гуногунсамари барои дигар навъҳои алафҳои бегона низ муқаррар карда шудааст.
Гетерокарпия на танҳо ба гаштани алафҳои бегона аз ҳисоби дар растаниҳо боқи мондани тухмии онҳо ва бинобар ин ба ҳосил ҳамроҳ гаштани онҳо мусоидат менамояд, балки сабаби дар хок пурра гардидани тухмии онҳо аз ҳисоби то ҳосилғундори рехтанашон мегардад.
Маводҳои ҷамъбасткардашудае, ки дар даҳсолаҳои охир ба нашр расидаанд нишон медиҳанд, ки дар қабати шудгоршавандаи хок дар ҳар як майдон тухми ва самарии 10-25 навъи алафҳои бегона дар мавриди миқдори умумии онҳо аз 120 то 1760 млн дар ҳар 1 га мавҷуд аст.
Хусусиятҳои биологии тухмӣ ва самарии алафҳои бегона-е, ки аз назар гузаронида шуданд ба онҳо имкон медиҳанд, ки дар мавриди бетухми кардани онҳо низ дар тулии чанд соли дигар низ боз сабзида майса диҳанд. Вале ин хусусиятҳои тақозо мекунанд, ки тадбирҳо доир ба нест кардани алафҳои бегона дар тулии ҳамаи давраи нашвӣ якчанд сол пай дар пай гузаронида шаванд.
3. Афзоиши нашвии алафҳои бегонаи бисьёрсола. Дар баробари тухмиҳои ҷаниндор дар хок узвҳои нашвии афзоишёбандаи алафҳои бегонаи бисьёрсола (бехреша, бехпиёз, бехлунда) решаҳои афзоишёбанда мавҷуданд. Ҷойгири решаҳои афзоишёбандаи бисьёрсола бо қабати шудгоршаванда маҳдуд намегардад. Қисми зиёдтари решаи алафҳои бегона то ба ҷуқурии 1-2 м ва аз он ҳам бештар даромада меравад. Аз ҳамин сабаб қисми бештари системаи решагӣ барои узвҳои хоккоркунанда дастнорас аст.
Дар решаи афзоишёбанда моддаҳои пластики дар шакли карбогидратҳо боқи гузошта мешаванд. Дар онҳо миқдори зиёди муғчаҳои баробари адвентиви (изофи) ташаккул мейбад. Онҳо ҳангоми захмхурии реша ба ҳаракат омада ва аз онҳо растаниҳои нав ташаккул меёбанд (ниг. ба ҷадвал).
Ҳангоми коркарди хок решаҳои афзоишёбандаи дар қабати шудгоршаванда васеъ буда канда ва реза мешаванд. Дар шароити мусоид онҳо қобилияти ҳайётгузарони ва мустақилона ташаккул додани растаниро соҳиб мебошанд. Алафҳои бегонае аз қобили бозейткан, гандумак, коҳу чилбанд ҳаёттобоварии сахт ва талхак , хори морак ва печак ҳайёттобоварии сустро соҳиб мебошанд.
Бо кам гаштани дарозии қисмҳои реша қобилияти онҳо ба регенератсия суст мегардад. Ба ин нигоҳ накарда решаи афзоишёбандаи як қатор алафҳои бегона бисьёрсола (бозейткан, гандумак ва ғ) ҳатто дар мавриди дарозии қисмҳои онҳо ба миқдори 1-5 см қобилияти худро ба регенератсия нигоҳ медоранд.
Резашавии зиёди решаи алафҳои бегона бисьёрсола дар қисмҳои онҳо боиси ба ҳаракат омадани муғчаҳои адвентиви мегардад. Дар натиҷа қобилияти регенератсионии решаҳои афзоишёбанда ба миқдори 1,5-2,0 маротиба ва аз он ҳам бештар афзоиш меёбад (боло меравад). Бинобар ин коркарди шадиди хок метавонад ба паст гардидан балки якбора зиёд гаштани ифлосшавии майдон бо алафҳои бегона гардад (ниг. ба ҷадвал).
Қобилияти регенератсионии решаҳои афзоишёбанда дар мавриди реза намудани онҳо
Дар қаъри на камтар аз 20-25 см буридани решаи алафҳои бегона амалан регенератсияи алафҳои бегона –ро аз қисмҳои решаи афзоишёбандаи онҳо пурра соқит менамояд. Қобилияти ҳайёттобоварии онҳо дар мавриди паст будани намнокии хок ва зич сохтани он хеле ҳам нам мегардад.
Омузиши хок ва ҳарорати манфӣ низ қобилияти ҳаёттобовариро паст мефарорад. Аз ҷумла дар давраи зимистон решаи аҷириқ ва ғумай ҳангоми кишти тирамоҳи пурра дар майдон мемуранд. Пас аз коркарди хок бештари навдаҳои пайдошуда на аз қисмҳо (пораҳо)(то 24%), балки аз решаҳои афзоишёбанда, ки дар қабати хок поёнтар аз коркард қарор доранд аз (26 то 100%) ташаккулмеёбанд.
Баъзан дар шароитҳои номусоид (аз ҳад зиёд хушк намудани хок, захмхурии ҷуқури механики, зиёд ҷафс сохтани хок ва ғ) системаи решагии алафҳои бегона бисьёрсола (талхак, хори морак, коҳу, чилбанд ва ғ) дар давоми 2-3 сол дар вазъи ороми қарор доранд. Ҳангоми пайдо гаштани шароитҳои мусоид аз системаҳои боқимондаи решаги навдаҳои тагизамини боз регенератсия мешаванд. Сатҳо болоии хокро дарёфт намуда, анҳо ба растании комил ташаккул меёбанд. Пайдо гаштани нобаҳангоми алафҳои бегона-и бисьёрсолае, ки дар соли қабли мавҷуд набуданд, бо ҳамин шарҳ дода мешаванд.
Ҳамаи ин барои фаъолияти ҳаётгузаронӣ ва устувории алафҳои бегона ба назардошти махсусиятҳои биологию экологии онҳо, боис мегардад.