Найти в Дзене
ИнфоТЧ

Воситаҳои кимиёии мубориза ба муқобили алафҳои бегона

Нақша: 1. Асосҳои таъсири интихоби. 2. Таснифи гербисидҳо. 3. Тарс, мўҳлат, воя ва шароитҳои истяифодабарии гербисидҳо. 4. Техникаи бехатари ҳангоми нигоҳдорӣ ва истифодабарии гербисидҳо. Қобилияти баъзе пайвастаҳои кимиёи дар бобати маҳв намудани алафҳои бегона ҳанўз дар асри гузашта қайд шудааст. Муқарар карда шудааст маҳлулҳои пайвастагиҳои ғайриорганикии гуногун (даҳони фаранг, сулфати аммоний, зироати натрий, кислотаи суфит, арсенити натрий, ҳамчунин камнит, минаамиди калсии хокамонанд ва ғ.) қобилияти маҳв намудани баъзе аз алафҳои бегона-и паҳнбаргро соҳиб мебошанд. Ин моддаҳои кимиёи номи гербитсид (аз лотини - алаф ва маҳв намудан)-ро гирифтаанд. Рўйхати гербидсидҳое, ки барои истифода иҷозат дода шудааст, ҳарсола аниқ карда мешавад. Вале аз сабаби як қатор камбудиҳои ҷидди онҳо васеъ паҳн нагардиданд. Танҳо дар солҳои 40-ум, вақте ки нумуяи синтетики Рушду нумуи растаниҳо кислотаи дихлорефноксиксуси 2,4 ( 2,4-Д) ҳосил карда шуд, истифодаи гербидсидҳо ривоҷи васеъ ёфт. Пас аз

Нақша:

1. Асосҳои таъсири интихоби.

2. Таснифи гербисидҳо.

3. Тарс, мўҳлат, воя ва шароитҳои истяифодабарии гербисидҳо.

4. Техникаи бехатари ҳангоми нигоҳдорӣ ва истифодабарии гербисидҳо.

Қобилияти баъзе пайвастаҳои кимиёи дар бобати маҳв намудани алафҳои бегона ҳанўз дар асри гузашта қайд шудааст. Муқарар карда шудааст маҳлулҳои пайвастагиҳои ғайриорганикии гуногун (даҳони фаранг, сулфати аммоний, зироати натрий, кислотаи суфит, арсенити натрий, ҳамчунин камнит, минаамиди калсии хокамонанд ва ғ.) қобилияти маҳв намудани баъзе аз алафҳои бегона-и паҳнбаргро соҳиб мебошанд.

Ин моддаҳои кимиёи номи гербитсид (аз лотини - алаф ва маҳв намудан)-ро гирифтаанд. Рўйхати гербидсидҳое, ки барои истифода иҷозат дода шудааст, ҳарсола аниқ карда мешавад.

Вале аз сабаби як қатор камбудиҳои ҷидди онҳо васеъ паҳн нагардиданд. Танҳо дар солҳои 40-ум, вақте ки нумуяи синтетики Рушду нумуи растаниҳо кислотаи дихлорефноксиксуси 2,4 ( 2,4-Д) ҳосил карда шуд, истифодаи гербидсидҳо ривоҷи васеъ ёфт. Пас аз 2,4- Д таъсири интихобии таксики (заҳрнок)-и як қатор кислотаҳои органикии дигар ва ҳосилаи онҳо зоҳир карда шуд.

Дар собиқ ИЧШС бештар аз ¼-и киштзорҳо ба василаи гербидсидҳо кор карда мешавад. Истифодаи инҳо имконият медиҳад, ки технологияи индустриалии парвариш истифода бурда шавад. Тадбиқи васеъ чунин таркибҳо бо арзиши паст техникаи (усули) пошидани на он қадар мураккаб самарабахшии баланд иқтисоди вобаста мебошад.

Асосҳои таъсири интихоби. Гербидсидҳо интихобиро соҳиб мебошанд, яъне барои гурўҳи муайни алафҳои бегона заҳрнок ва барои зироатҳои мазрўи нисбатан бехавфанд.

Яке аз сабабҳои таъсири интихоби ин фарқият дар марфология ва анатомияи растаниҳои якпаллаги мебошад. Ҷойгири ва сохти баргҳои хўшадорҳо чуни наст, ки маҳлули гербидсидҳо қариб, ки дар сатҳи болои намеистад, онҳо қарор гирифта ба василаи катикулаи мумранги зич роҳ меёбанд.

Растаниҳои дупаллагӣ бо пластикаи васеъ, ки ба тарзи уфуқи ҷой гирифтаанд, бо маҳлули гербидсид хуб тар гашту онро дер боз нигоҳ медоранд. Нуқтаи нумуяи онҳо дар муқоиса бо хушадорҳо кушода Буда, аз гербидсидҳо ба осонӣ осеб мебинанд. Ба ғайр аз ин, дар бисьёр растаниҳо интихобият бо сабабҳои биокимиёи, ки бо ҳодисаи метоболизм дохилшавӣ ба бофтаи гербидсидҳо шарҳ дода мешавад, боис гаштааст. Агар ин тағйирот боиси детоксикатсия гардад, он гоҳ амали таркиб паст меравад, ҳангоми ташакулёбии моддаҳои нисбатан заҳрнок қувват мегирад.

Аз рўи мутаасиршавӣ нисбати гербидсидҳои истифодашаванда растаниҳои мазрўи ва алафҳои бегона-ро ба хассос, ки амалан пурра маҳв мешаванд; ҳассосиашон миёна, ки пурра намемуранд ё танҳо таздиқ меёбанд ва устувор, уи тазъиқ намеёбанд, тақсим карда мешаванд.

Нисбати гербидсидҳо бештар растаниҳо камумр хурдсол ҳассос мебошанд. А /б-и бисьёрсола устувортар мебошанд, зеро онҳо қобилият доранд, ки аз узвҳои нашвии афзоишёбанда суст осебдидаашон навдаи нав диҳанд. Дараҷаи устувори нисбати гербидсидҳо нисбист ва аз синну соли алафҳои бегона ва як қатор шароитҳои муҳит вобаста мебошад.

Бештари алафҳои бегона дар сини хурдсолиашон нисбати алафҳои бегона ҳассосияти баландро соҳибанд. Ин ба давраи навда буданашон хос аст. Силос устувори баланд меравад.

Таъсири таркиб ҳамчунин аз тарзи истифодабари алоқаи мутақобила бо хок ва бофтаҳои рўйпушкунандаи алафҳои бегона ва дигар шароитҳои физикӣ вобастаги дорад.

Аз ҷумла симазин дихлоролмогевин (ДХМ), монурон эптам бо оби барои ба поён омезиш намеёбанд ва ниҳолчаҳои дар қабати болоии хок пайдогаштаро осеб мерасонанд дар айни замон решаҳои зироатҳои мазрўй, ки чуқуртар ҷойгиранд, осеб намебинанд.

Таркибҳои ғурруша таъсири нисбатан идомаёбандаро соҳиб Буда ин хусусияташон ба дараҷаи маҳлулёбӣ ва фурубарии решаи алафҳои бегона алоқаманди дорад.

Таснифи гербидсидҳо. Қариб ҳамаи гербидсидҳо ба моддаҳои органики мансубанд. Баъзе аз онҳо гербидсидҳои таъсирашон саросар ҳамаи растаниҳо, дигар- гербидсидҳо таъсирашон интихоби алафҳои бегона-и синф, оила ё як ҷинсро осеб мерасонад.

Таркибҳои таъсирашон саросарро дар қитъаҳои коркарднашаванда (паҳлў, канора-и роҳ, соҳили каналҳои обёрикунанда ва ғ), ҳамчунин майдонҳои озод аз зироатҳои мазрўи (заминҳои пурра дамдода, пас аз ҳосилғундорӣ) ба кор мебаранд.

Гербидсидҳои интихобиро барои маҳви алафҳои бегона дар киштзори зироатҳои кишоварзӣ истифода мебаранд. Дар байни онҳо таркибҳои таъсирашон васеъ (ҳосилаҳои 2,4-Д ё симмтриазинҳо ва ғ), ки бисьёр алафҳои бегона-ро осеб мерасонанд, ва таъсирашон кам (танг) (карбин, пропонид, далапон ва ғ)-ро, ки бар зидди баъзе ҷинси алафҳои бегона ба кор мебаранд, ҷудо месозанд.

Аз рўи хосияти осебрасони гербидсидҳоро ба кантакти, ки бофтаи алафҳои бегона-ро танҳо дар ҷойҳои бархурдаашон бо таркиб осеб мерасад ва системавӣ, ки ба бофтаи онҳо ворид гашта дар тамоми растанӣ ҳаракат намудаю функсияҳои физиологии онро халалдор месозанд, ҷудо месозанд.

Бештар гербидсидҳои таъсирашон интихоби ба таври васеъ паҳн гаштаанд.

Тарзи муҳлат воя ва шароитҳои истифодабарии гербидсидҳо.

Гербидсидҳо чунин шаклҳои физикиро соҳиб мебошанд;

Хока: дар об ҳалшаванда (ТХА, далапон); дар об ташаккул додани сиспензияҳои устувор (ДХМ, симазин);

Маҳлулҳои оби (банвел-Д, реглан) ва консентратҳои дар об ҳалшаванда (намаки аминнӣ- 2,4Д);

Ғуррушаҳо, ки дар таркибашон 10% гербидсид, акониш (наполнитель) ва часпондагони ширеши (эфири бутил 2,4 Д, ялан, триаллат).

Бештар амехтаи гербидсидҳо, ки саноати тайёр мекунад ва аз ҷиҳати таъсирашон ба растаниҳо шабеҳ мебошанд, масалан атразин бо прометрин (агелон), 2М- 4УП бо банвел –Д (днапрен) ва ғ.

Таркибҳои техники хокамонанд ба 50-80% моддаҳои таъсиркунанда, 5-10% гурушша доранд. Ба ғайр аз ин ба таркиби онҳо моддаҳои сатҳию фаъол (ОП-7, ОП-10, сульфанол ва ғ), дохил мебошанд, ки нақши эмугаторҳо, таркунанда,пептизаторҳо, ширешҳоро иҷро мекунанд.

Барои баланд бардоштани фаъолнокии гербидсидии маҳлулҳо ба онҳо моддаҳои фаъолкунанда таркибашон ғайриорганикӣ, ба мисли селитраи аммиак, сулфати амманий, суперфасфат ва ғ дохил мекунанд.

Тарзҳои коркард. Коркарди киштзор ё хок ба василаи гербидсидҳо метавонад саросар, қатори, тасмашакл ва манбавӣ бошад. Дар мавриди коркарди саросар таркибро дар тамоми майдон баробар мепошанд. Чунин коркардро дар тамоми киштзори ҳамаи зироатҳо ва дар майдонҳое, ки аз кишти озоданд, ба кор мебаранд.

Коркарди қатори ва тасмашаклро дар майдони зироатҳои қатори ба кор мебаранд.

Пошидани гербидсидҳоро ба тарзи манбавӣ барои нест кардани палачаҳои карантин ива бахусус алафҳои бегона-и ашади ба кор мебаранд. Барои ин бештар гербидситҳо таъсирашон саросарро истифода мебаранд.

Муҳлатҳои коркард. Аз рўи истифодаи гербидсидҳо фарқ мекунанд: пошидани пешазкишт ба хок ва ба василаи культиватор ё мола зери хок намудан. ДХМ, эптам, трефлан, триалат ва ғ-ро ҳамин тавр мепошанд; пошидани пас азкишти ба хок таги хок намудан ё бо якбора таги хок намудан (симозин, прометрин) гербидситҳо ба неши алафҳои бегона то зоҳир гаштани майса таъсир мерасонанд; пошидани қабл аз майсабарории майдон қабл аз чанд рўз то зоҳир гаштани майсаи (ниҳолҳои) растаниҳои мазрўй (картошка, ҷуворимакка. Сабзи ва ғ) вале дар мавриди пайдо шудани майсаи алафҳои бегона. ҳосилаҳои 2,4 Д, 2М-4Х ва ғ-ро ба кор мебаранд; пошидани пешазмайса барории зироатҳои ғалладонагии тирамоҳи, зағир, ҷуворимакка ва дигар навъи зироатҳо бо гербидсидҳое, ки узвҳои зеризаминии алафҳои бегона-ро осеб мерасонанд; коркарди пас аз ҳосилғундори бо мақсади маҳв намудани алафҳои бегона-и ашаддӣ, ки пас аз ҷамъоварии ҳосил боқи мондаанд ё сабзидаанд. Барои ин гербидсидҳои барои хок ва барг муқараргаштаро, ки фаъолнокиашонро то ба муҳлати кишти зироатҳои навбатӣ (зироатҳои ғалладонагӣ аз рўи замини дамдодаи банд) аз даст медиҳанд, ба кор мебаранд.

Тарзҳои пошидан вояи гербидсидҳо. Тарзи асосии ба кор бурдани гербидсидҳо пошидан ба ҳисоб меравад. Вояи таркиби техникиро барои 1 га, агар он дар хуҷҷатҳои муассисаи тайёркунанда қайд нашуда бошад аз рўи формулаи зерин муайян мекунанд:

Дт = 100 До/А.

Дар ин ҷо Дт- воят таркиби техники, кг/га; До-меъёри муътадили моддаи тавсияшаванда, кг/га; А-миқдори модаи амалкунанда дар таркиби техники, %.

Сипас миқдори масраф гаштани маҳлули кориро, ки бояд дар таркибашон миқдори гербидсиди барои 1 га лозимаро дошта бошад, муайян мекунанд. Масрафи маҳлули корӣ аз табиати кимиёии гербидсид, навъи асбоби пошанда ва маҳлулкунандаҳо, шароитҳои табии вобастаги дорад. Дар асоси тадқиқотҳои гузаронида чунин меъёрҳои масраф гаштани маҳлулҳои обии гербидсидҳои таъсирашон интихоби тавсия мешавад (ҷадвал).

Ин меъёрҳо тахминан буда, метавонанд тағйир ёбанд, зеро таъсирбахшии қисми зиёди гербитсидҳо аз консентратсияи маҳлули корӣ вобастаги надорад.

Аз нуқтаи назари ташкилӣ муҳим аст,ки миқдори маҳлули барои пошидан таъингашта ба зарфи дастгоҳ ба миқдоре пур карда шавад, ки барои адади ҷуфти рафту омади агрегат дар майдон имконияти дар як нуқтаи пуркунӣ иқтифо кунад.

Барои муқаррар намудани меъёри муносиби асрафи моеъ(Q) бо назардошти ин шароит майдон (S) –ро ки дар як гашт кор карда мешавад, муайян мекунанд, сипас миқдори ҳамаи гаштҳоро барои масраф намудани як маротиба ба бардон гирифтани махлул (m) , бо назардошти истифодаи меъёри масрафи маҳлули корӣ муқаррар менамоянд. Бузургиро то адади бутуни миқдори гаштҳо яклухт мекунанд. Формулаи ниҳоии ҳисоба меъёри муносиб барои масрафи маҳлули корӣ дар майдони додашуда чунин намудро мегирад:

Q = V/Sm

дар ин ҷо V – ғунҷоиши (зарфият) зарфҳои дастгоҳи моеъпошанда, л.

Дар мавриди ба василаи аппаратҳои парвозкунанда пошидани маҳлул ҳисобкуниро ба чунин пай дар пайи мегузаронанд:

1. Васеъгии умумии майдони дар баргиранда (Шо,м)- ро дар майдони мушаххас дар мавриди парвози якмаротибагии аппарати парвозкунанда аз рўи формулаи зерин муайян мекунанд:

Шо = 10000 Г/ НД

дар ин ҷо Г - боргирии якмаротибагии маҳлул ба зарфи аппарати парвозкунанда,л; Н - меъёри масраф намудани маҳлул, л/га; Д - дарозии тули мазра, м.

2. Миқдори воридшави (N3)-ро дар як парвоз муайян мекунанд:

N3 = Шо/Ш.

дар ин ҷо Ш - васеъгии ҳадди имконпазири паҳноии майдони кори дарбаргирифта, м.

3. Сар додани маҳлули кориро дар як сония (Рсл/л), ба восилаи ҳамаи нуқтаҳои пошанда ҳисоб мекунанд:

Рс = НШС/10000

Дар ин ҷо С- суръати кори аппарти парвозкунанда, м/с.

Агар дастгоҳ баромади маҳлули ҳисобиро (Рс) таъмин накунад,он гоҳ имконияти максималӣ (Р1)-ро ба назаргирифта, васеъгии майдони кории дарбаргирандаро (Ш), аз рўи формулаи зерин истифода мебаранд:

Ш = 10000 Р1/НС

Вобаста аз масраф намудани маҳлули гербитсиди корӣ пошидани онро хурдҳаҷм (камҳаҷм), муқаррарӣ ва баландҳаҷм меноманд.

Масрафоти моеъ ҳангоми пошидани муқаррарӣ барои мошинҳои замингард 300- 500 л/га ва барои аппаратҳои парвозкунанда 50- 100 л/га- ро ташкил медихад. Дар мавриди пошидани хурдҳаҷм вай мутобиқан то 100-200 ва 5-25 л/га кам карда мешавад.

Шароитҳои истифодабарӣ. Таъсири зиёдро ба сифати пошидани гербитсидҳо шароитҳои метерсолагӣ мерасонанд. Шамол баробар тақсим гаштани моеъро ба майдон халалдор намуда, бухоршавӣ ва ба канора бурдани онро зиёд мекунанд. Қатраҳо бо диаметри 100 мкм ва камтар аз он дар мавриди суръати шамол ба 3,6 м/с баробар будан ва ҷой гирифтани дастгоҳи пошанда ба миқдори 38 см аз сатҳи хок пурра ба тарафи дигар бурда мешаванд. Дар мавриди зиёд намудани қатраҳо бурдани онҳо ба дигар тараф кам мегардад, дар мавриди диаметри онҳо ба 325 мкм баробар будан тамоман қатъ мегардад.

Шароити мусоиди корӣ барои дастгоҳҳои пошандаи рўизаминнии штангадор дар ҳавои бешамол ва барои генераторҳои аэрозоли аппаратҳои парвозкунандаи пошанда дар мавриди на бештар аз 2 м/с баробар будан муҳайё мегардад. Агар майдони ҳамсоя (ҳамшафат) зироатҳои бо гербитсид ҳассос мавҷуд бошанд ва роҳи ҷудокунандаи байни онҳо 5-10 м бошад, дар ҳавои шамолдор ва зиёда аз он коркард мумкин нест. Дар мавриди коркард бо генератори аэрозолӣ майдони ҳирозати то 100м ва дар мавриди пошидан бо аппаратҳои парвозкунанда ва самти шамол ба тарафи майдони ҳамшафат то 2000м. васеъ мегардад.

Дар мавриди набудани боришот пошидани моеъро саҳари ва бегоҳи гузаронидан лозим аст. Дар нисфирўзӣ села (ҷараён)- и болороравандаи ҳаво қатраҳои хурди махлулро болобардошта, онҳоро ба масофаи дур мебарад. Боришот дар вақти пошидани маҳлул ё 6 соати аввали баъди он самарабахшиашро паст мефарорад.

Ҳарорати мўътадили ҳаво ҳангоми пошидани маҳлул 16-22 ос ба ҳисоб меравад. Дар мавриди ҳарорати паст самарабахшии гербитсид,аз сабаби фаъолнокии суст рушди алафҳои бегона , паст ва ҳангоми ҳарорати баланд бухоршавии махлул зиёд гашта, ҳавфи осб дидани зироатҳои дар майдони ҳамшафат буда меафзояд.

Фаъолнокии гербитсидҳои хок аз намноки ва ҳарорати болоии қабати хок вобастаги дорад. Дар хоки хушк таъсири як қатор гербетсидҳо (симазин, пирамин, ДХМ ва ғ) суст гашта, детоксипатсия ба оҳистагӣ мегузарад, ки ин ҳавфи осеб дидани зироатҳоро дар солҳои оянда аз сабаби хассос буданашон нисбати гербетсиди мазкур зиёд менамояд. Дар мавриди намнокии баланди хок ва боришоти зиёд баъзе аз таркибҳо (ТХА, далапон, феназон) ба каҳри хок роҳ ёфта, батези ғайрифаъол мегарданд, дар қабати болои бошад, ки аз гербитсид озод гаштааст, алафҳои бегона месабзанд.

Гербитсидҳое, ки зери таъсири нурҳои офтобӣ (триаллат, тиллам, трефлан ва ғ.) бухор мегарданд ё вайрон мешаванд, лозим аст,ки дар қабати болои таги хок карда шаванд. Дар мавриди мавҷуд будани фраксияҳои гимен ё гумус дар хок адсорбсияи гербитсид пурқувват мегардад. Дар чунин маврид вояи онро зиёд намудан лозим аст. Дар хокҳои регдор ва регхок, ки моддаҳои ғизоии кам доранд, онро паст фаровардан лозим аст.

Боду ҳаво ва шароитҳои хоки мусоид таъсири гербитсидҳоро ба алафҳои бегона пурқувват мегардонанд.

Техникаи бехатари ҳангоми нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва пошидани гербитсидҳо

Заҳрнокии гербитсидҳо барои инсон ва ҳайвонот як хел нест. Вай бо бузургии ЛД 50, яъне вояи марговар, ки ҳангоми бо миқдори 50% ворид намуданаш ба шиками ҳайвони гармхун, чен карда мешавад. Вай бо мг нисбати 1 кг массаи организми зинда ифода меёбад.

Аз рўи дараҷаи заҳрнокӣ гербитсидҳоро ба 4 гуруҳ: 1- моддаҳои сахттаъсиркунандаи заҳрогин (ЛД 50- 50 мг/кг); 2- баланд (олӣ)- таъсир (ЛД 50 = 50 – 200 мг/кг) ; 3- миёнатаъсир ЛД 50= 200- 1000 мг/кг: 4- камзаҳр (ЛД 50 – 1000 мг/кг).

Бештари гербетсидҳое, ки дар хоҷагии кишоварзӣ истифода бурда мешаванд, заҳрнокиашон кам буда, дар мавриди риояи қоидаи техникаи бехатарӣ барои инсон ва ҳайвонот безараранд. Бо ин қоидаҳо шинос шудани ҳамаи шахсҳое, ки дар мубориза бар зидди, алафҳои бегона бо коркарди кимиёии киштдорҳо сару кор доранд, ҳатмист.

Пеш аз ҳама ҳамаи кормандон бояд хосияти гербитсидҳои истифодашавандаро, ки чи тавр ба инсон таъсир мекунанд, тадбирҳои эҳтиёти ҳангоми кор бо онҳо ҳамчунин ба ҷабрдида расондани ёрии аввали таъҷулиро донанд.

Шахсоне, ки барои кор бо гербитсидҳо фиристонида мешаванд, аз муоинаи тиббӣ мегузаранд. Ба чунин кор чавонони хурдтар аз 18-сола, ҳамчунин занҳои ҳомилаю ширмакон роҳ дода намешаванд. Кормандон бо сару либоси корӣ таъмин карда мешаванд.

Васоити нақлиётӣ, ки барои кашонидани гербитсидҳо таъин гаштаанд, бояд сабук тоза, безарар ва зич махкам карда шаванд. Гербитсидҳоро бо одамон, маҳсулоти ғизои ва фураж кашонидан мумкин нест.

Гербетсидҳоро дар амборхонаҳои махсус, ки аз хонаҳои истиқомати, сохтмонҳои барои хоҷагидорӣ таъингашта ба масофаи на камтар аз 200 м. нигох медоранд.

Амборхона бояд дарҳою тиразабандҳои хуб пушидашаванда ҳавогузар ва рўшнои, фаршҳои зич бетаркиш, дастшуяк, ҷои оббози, ҳуҷраи нигоҳдошти либосҳои корӣ, қуттии доруҳо дошта бошад. Пестидсидҳоро аз амборхона бо иҷозатномаи хатти роҳбари хоҷаги ё сарагроном мебароранд. Дараҷаи амборхонаро пас аз ба охир расидани вақти корӣ муҳр мекунанд.

Коркарди киштзорҳоро зери роҳбарии мутаххассисон мегузаронанд. Истиқоматкунандагони мавзуъҳои наздиктарини аҳолинишин бояд қаблан дар хусуси коркард огоҳ карда шаванд. Майдон ва баъзе қитъаҳое, ки на бештар аз 300 м аз обамборҳо, сохтмонҳои манзили ва хоҷагидорӣ дурӣ доранд, танҳо бо иҷозати стансияҳои ҳифозати растаниҳо ва гирбидситҳо ва бо дастгоҳҳои пошандаи штангадор замини бояд коркард намуд.

Нуқтаҳои пуркунии маҳлулҳоро ба масофаи 200м дури аз сохтмонҳои манзилию хоҷагидари ҷойгир месозанд. Тайёр намудани маҳлулро пуркунии онҳо ба зарфҳо бояд ба тарзи механики бошанд. Пас аз анҷоми кор ҷои нуқтаҳои маҳлул пуркуниро бо оҳаки хлор коркард номида шудгор менамоянд.

Дар вақти кор истеъмоли хўрок ва кашидани сигор иҷозат дода намешавад. Пез аз наҳори, хўроки нисфирўзи дасту рўйро бо собун шустан лозим аст, ё оббози бояд кард.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда ва бо риояи ҳамаи қоидаҳо ё худ вайрон намудани онҳо имкони заҳролудшавии ҷудогона, ки нишонаашон чарх задании сар, рагкашӣ, қайкуни, ларзи ва ғ мебошад, боқи мемонад. Дар чунин мавридҳо ба шахси зарардида кўмак расондан лозим аст.

Қистатҳои кушодаи бадан, ки аз гербитсид осеб дидаанд, лозим аст, ки бо пахтаи хушк тоза карда шуда, бо оби гарму собун шуста шаванд. Чашмонро дар мавриди афтидани гербидсид бо оби бисьёр ва сипас бо маҳлули 2 %-и сода шустан лозим аст.

Агар таркиб ба шикам дохил гарда два боиси партофтан (қай) кардан гардад, ба ў якчанд стокан оби гарм сипас 2-3 қошуқ ангиштобаи дар об маҳлул карда ва пас аз ин доруи дарунрав додан лозим аст.

Дар мавриди дохил гардидани гербитсид ба узвҳои нафаскаши ва ҳосил гаштани хориши гулў ва сулфа зарардидаро аз ҷои гербитсид пошида дуртар бурда он ҷо мемонанд ва респиратори ўро кушода мегиранд. Дар давоми кор бо респиратор ҳавософкунак (филтр)-и онро як рўз 2-3 маротиба иваз менамоянд. Пас аз анҷоми кор қисматҳои берунаи респираторро бо оби гарм собун шуста бо матоъпораи дар маҳлули калии маргансови (0,5%) ё спирт хуб тоза мекунанд ва сипас респираторро бо оби тоза шуста хушк мекунанд.

Либосҳои кориро то рузи кори дигар дар анборхонаи махсус ва дар ҷевони ҷудогона нигоҳ медоранд. Пас аз ба охир расидани мавсим, ҳамчунин қисматҳои хушкнамудаи дастгоҳи дорупоширо ба анборхона супорида то соли оянда нигоҳ медоранд. Васоити нақлиёт систерна қутти ва ҳамаи асбобҳоро безарар мекунанд: ашёҳои металлиро бо каросин, чубинро бо оҳакобаи хлор, металлию шашагинро бо маҳлули 3-5%-и содаи калсидор оҳакобаи хлорид ё хокистар мешўянд. Қуттиҳои қоғазин ва чубини нолозимро месўзонанд, боқимондаҳои маҳлул ва васоити безарарраркардаро бо оҳак рўпўш намуда ба чуқурии 0,5м мегўронанд. Ҳамаи ин корҳоро дар ҷойе, ки аз биноҳои истиқомати ва хоҷагидорию обамборҳо то ба масофаи 200 м дури даранд ба анҷом мерасонанд