Найти в Дзене
Nemat Salimzoda

АЗ ПАҲЛАВОНӢ ТО ҚАҲРАМОНИҲОИ НАВРӮЗӢ

Халқи тоҷик ҳанӯз аз замонҳои қадим ба нигаҳдошти тану ҷон ва масъалаҳои вар­зишу паҳлавонӣ таваҷҷуҳи хосса дошта, баргузории бозиҳои гуногуни ин мавсимро дар баробари баъзе аз рукнҳои наврӯзӣ ҷузъе аз фарҳан­ги он медонист. То имрӯз бозиҳои нав­рӯзӣ дар кишварҳои ҷашнгирандаи ин ид бо баъзе фарқиятҳо истиқбол гирифта мешаванд. Маъмул­тарин бозиҳои нав­рӯзӣ ин гӯштигирӣ, бандкашӣ, пойга, пойга бо асп, чав­гонбозӣ, бузкашӣ, дастхобонӣ, гурзан­дозӣ ва дигар наму­дҳои варзиш мебо­шанд. Дар миёни ин гуна мусо­биқаҳо гӯштингирӣ миёни мар­думи мо маҳбубият дорад. Гуфта мешавад, ки зимни оғози ин намуди мусобиқа чун анъ­ана ду муйсафед ба майдон омада рақскунон гирди майдон мегарданд. Баъзе манбаъҳо бар онанд, ки дар Қаротеги­ну Дарвоз паҳлавон дар кунҷи майдон нишаста, аз «табақи паҳлавонӣ» тановул мекунад ва ҳар касе, ки ҳарифи ӯ шудан мехоҳад, бояд дар паҳлуи ӯ ни­шаста хӯрок хӯрад. Дар баъземинтақаҳои дигари кишвари мо бошад, паҳлавонони деҳаи дигар ҳатто як моҳ пеш аз бар­гузории мусоби

Халқи тоҷик ҳанӯз аз замонҳои қадим ба нигаҳдошти тану ҷон ва масъалаҳои вар­зишу паҳлавонӣ таваҷҷуҳи хосса дошта, баргузории бозиҳои гуногуни ин мавсимро дар баробари баъзе аз рукнҳои наврӯзӣ ҷузъе аз фарҳан­ги он медонист. То имрӯз бозиҳои нав­рӯзӣ дар кишварҳои ҷашнгирандаи ин ид бо баъзе фарқиятҳо истиқбол гирифта мешаванд. Маъмул­тарин бозиҳои нав­рӯзӣ ин гӯштигирӣ, бандкашӣ, пойга, пойга бо асп, чав­гонбозӣ, бузкашӣ, дастхобонӣ, гурзан­дозӣ ва дигар наму­дҳои варзиш мебо­шанд.

Дар миёни ин гуна мусо­биқаҳо гӯштингирӣ миёни мар­думи мо маҳбубият дорад. Гуфта мешавад, ки зимни оғози ин намуди мусобиқа чун анъ­ана ду муйсафед ба майдон омада рақскунон гирди майдон мегарданд. Баъзе манбаъҳо бар онанд, ки дар Қаротеги­ну Дарвоз паҳлавон дар кунҷи майдон нишаста, аз «табақи паҳлавонӣ» тановул мекунад ва ҳар касе, ки ҳарифи ӯ шудан мехоҳад, бояд дар паҳлуи ӯ ни­шаста хӯрок хӯрад. Дар баъземинтақаҳои дигари кишвари мо бошад, паҳлавонони деҳаи дигар ҳатто як моҳ пеш аз бар­гузории мусобиқаи гӯштин ба ин деҳа ба хонаи хешу табор омада, омодагӣ мебинанд. Қо­идае ҳам ҳаст, ки ғолиби ин му­собиқаи наврӯзӣ то мусобиқаи оянда ҳамчун қаҳрамон вирди забонҳо мегардад. Қайд кар­дан ба маврид аст, ки гӯшти­ни миллии мо бештар шабеҳи дзюдо аст. Агар аҳамият дода бошед, қоидаҳои гӯштини мо бо дзюдо то лаҳзаи ба замин афтондани ҳариф қариб якранг аст, танҳо баъди он бозии дзю­до идома меёбаду аз гӯштин не. Инро ҳам метавон гуфт, ки аксаран дар қисмати ши­моли кишвар гӯштини кураш ё қураш низ маъмул аст. Қоидаи ин бозӣ он аст, ки ҳарифон аз миёнбандҳои ҳамдигар дошта, бояд рақибро бардошта пушти ӯро ба замин зананд. Ин наму­ди бозӣ дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ маъмул аст.

MORE