Шароити пасти зиндагӣ ва нооромиву ноамниҳо имрӯз сабабгори коҳиш ёфтани раванди муҳоҷират дар баъзе кишварҳои ҷаҳон гаштааст. Рӯз то рӯз зиёд шудани сафи муҳоҷирон буд, ки ҳанӯз 28 сол пеш, 18-уми декабри соли 1990, Ассамблеяи генералии СММ Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва аъзои оилаҳои онҳоро қабул намуд. Баъд аз гузашти даҳ сол ин сана ҳамчун Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон ба расмият дароварда шуд. Имрӯз бошад, дар ҷаҳон беш аз 258 миллион нафар муҳоҷир ба қайд гирифта шудааст, ки 3,4 %-и аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад. Дар адабиёти илмӣ калимаи “муҳоҷир” ба решаи калимаи лотинии migratio (кӯчиш) нисбат дода шудааст ва муҳоҷир нафаре гуфта мешавад, ки макони зисти худро ба таври ихтиёрӣ муваққатан ё доимӣ барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии худ тарк мекунад. Раванди муҳоҷирати оммавӣ бештар дар шаҳрвандони кишварҳои Африқо ва Шарқи Наздик дида мешавад. Гуфта мешавад, ки дар аввалҳои асри XX танҳо мардуми Африқо қишри муҳоҷирони кориро ташкил медоданд, аммо
МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ — василаи даромад ва табодули касбу ҳунар
21 декабря 201821 дек 2018
12
1 мин