Санаи 18 сентябр блоггер, ровӣ, рамзи зебоӣ маликаи ҷазобияти Читаи Россия, Бозраси калони шуъбаи ташвиқот ва тарғиботи Раёсати БДА ва дар умум Аълочии милитсия ва духтари зебо Сабринаи Назрӣ меҳмони #LoveRadioTj гардид. Сабрина аз оғози сӯҳбат иброз дошт, ки дар саҳна ва телевизион эҳсосот дигар аст, аммо ҳатто як соат пеш аз омадан ба радио дилаш ба таппиш даромад. Муҷрӣ сӯҳбатро дар бораи фаъолияти ровигӣ худ дар Телевизиони фарҳангии “Сафина” ва роҳ ёфтан ба ин телевизион оғоз намуд: - “Ман ба кастинг омадам. Бояд афсонаи “Бузаки ҷингилапоро” бо бозӣ нишон медодам. Ман низ сахт ба эҳсосот дода шуда, гуфтам, ки “Буз ба болои бом баромада, бо пояш тақ-тақ мезанад”, маҳз ҳамин сабаб шуд ва ман ровӣ телевизион шудам”.
Бино ба Назрӣ шавқи машҳур будану дар саҳнаҳои калон баромад карданро аз даврони хурди дар дил мепарварид, аммо бо сабаби дар хона бародар надоштан бо маслиҳати падараш ба Академияи ВКД дохил гардид ва ҳоло ба ҳайси Бозраси калони шуъбаи ташвиқот ва тарғиботи Раёсати БДА фаъолияташро пеш мебарад.
Ҳамчун блоггер барои ӯ Олга Бузова – ровӣ ва сарояндаи Россиягӣ такони бузурге шуд. “Саҳифаамро дар Instagram кушодам, ба мисли ҳунармандони ҳақиқӣ амал намудам ва дидам, ки рӯихати фолловерони ман рӯз ба рӯз зиёд мешавад”. Ҳоло ба Instagram-и Сабрина зиёда аз якунимҳазор нафар номнавис шудааст ва ба қавли ӯ ин шумора барои Тоҷикистон рақами хеле калон аст.
Ровӣ ҳамчунин дар бахши “Буд набуд” иштирок намуда аз бист савол ба нӯздаҳ саволи ровии барнома Фаридун Хайруллозода ( @faridunlove ) ҷавоб гардонид. Ӯ бобати бо ашки резон хӯрдани яхмос ва “мишкача” ном бурдани мухлисонаш чанд сухан ҳам гуфт.
Сӯҳбат дар доираи барномаи шомгоҳӣ “Дигар ШОУ” бо Фаридун Хайруллозода ( @faridunlove ) дар эфири Лав Радиои Тоҷикистон ( @Loveradiotj ) аз соати 18 то 19 сурат гирифт. Ин барнома ҳар рӯзи корӣ аз соати 17:00 то 19:00 дар мавҷи 88.8ФМ ба таври мустақим пахш мешавад. Навори пурраи барнома рӯзҳои наздик дар саҳифаи “Имшаб Медиа” ва кулли саҳифаиҳои расмии #LoveRadioTj пахш мешавад.